Ҳамлаи мушакии артиши Яман ба нови лаҷестики Амрико дар Адан
(last modified Mon, 29 Jan 2024 13:22:23 GMT )
Январ 29, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии артиши Яман ба нови лаҷестики Амрико дар Адан
    Ҳамлаи мушакии артиши Яман ба нови лаҷестики Амрико дар Адан

Яҳё Сариъи сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард аз ҷумлаи маъмуриятҳои киштии "lewis B puller" пуштибонии лаҷестики аз низомиёни амрикоӣ ширкаткунанда дар таҷовуз ба Яман буд.

Ба гузоришаши  хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алмсираҳ, Яҳё Сариъ сухангуи  неруҳои мусаллаҳи  Яман  бо судури баёнияи  эълом кард:

Дар ростои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва дар посух ба таҷовузоти Амрико ва Англис ба кишварамон, неруи дарёии артиши Яман ба ёрии Худованди Мутаъол дируз якшанбеи киштии "lewis B puller"-и неруии дарёии Амрикоро дар ҳоле ки дар ҳоли ҳаракат дар халиҷи Адан буд бо як фарванди мушаки дарёи ҳадаф қарор дод.

Аз ҷумлаи маъмуриятҳои ин кишти  пуштибонии лаҷестики аз низомиёни амрикоӣ ширкаткунанда дар таҷовуз ба Яман буд.

Ин амалиёт дар чорчуби иқдомоти низомии неруҳои мусаллаҳи Яман барои дифо аз Ямани азиз ва пуштибони аз мардуми мазлуми Фаластин анҷом шуд.

Неруҳои мусаллаҳи Яман то поёни таҷовуз ва лағви муҳосираи мардуми Фаластин дар навори Ғазза ба иҷрои тасмими худ барои пешгири аз тараддуди киштиҳои режими саҳюнистӣ ё озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ дар ду дарёи сурх ва араб идома медиҳанд.