Феврал 09, 2024 21:01 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар осмони атрофи ғарби Димишқ
    Инфиҷор дар осмони атрофи ғарби Димишқ

Расонаҳо асри имрӯз - ҷумъа аз муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо аҳдофи душман дар атрофи Димишқ хабар доданд.

Хабаргузории расмии Сурия гузориш дод, падофанди ҳавоии артиши ин кишвар бо аҳдофи мутахосим дар атрофи Димишқ - пойтахти Сурия муқобила кардааст.

Димишқ

 

Хабарнигори “Алмаёдин” ҳам эълом кард, садои инфиҷор дар осмони атрофи ғарби Димишқ шунида шудааст.

Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи низомии Меззеи Сурия аст.

Бархе расонаҳо аз эҳтимоли таҷовузи режими саҳюнистӣ ба пойтахти Сурия хабар медиҳанд.

Ҳануз ҷузъиёти бештаре дар ин хусус мунташир нашудааст.

 

Барчасп