Фарохони Мусод барои ҷазби ҷосуси зан
(last modified Wed, 04 Jan 2017 13:44:44 GMT )
Январ 04, 2017 18:44 Asia/Dushanbe
  • Фарохони Мусод барои ҷазби ҷосуси зан

Созмони ҷосусии Исроил - Мусод дар пайи ҷазби духтарон ва занон барои фаъолиятҳои ҷосусӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии фаластинии Маъо, Мусод бо интишори огаҳии таблиғотӣ дар рӯзномаҳои ибризабон ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба думболи заноне бархурдор аз вижагиҳои шахсияти хос ва низ мусаллат ба чандин забон аст то ононро барои фаъолиятҳои ҷосусӣ ҷазб кунад.

 Олен бин Довид таҳлилгари сиёсии исроилӣ мегӯяд, як зани ҷосуси исроилӣ дар террори Муҳаммад аз-Завори муҳандиси ҳавофазои Тунис нақш доштааст.

Ба гуфтаи Бин Довид, яке аз занони узви Мусод, ки худро хабарнигор муаррифӣ карда буд, ҳангоме ки мутмаин шуд аз-Заворӣ ба ӯ эътимод кардааст, пеш аз охирин мусоҳибааш ду нафар аз аъзои тими террори Мусодро пеши ӯ фиристод, то террораш кунанд.

 Муҳаммад аз-Завории 49-сола муҳандиси ҳавофазои тунисӣ 15 декабри 2016 дар худраваш дар шаҳри Сфакс дар ҷануби ин кишвар ба қатл расид