Январ 04, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Мушарраф шудани 97 нафар ба дини Ислом дар Масҷидулақсо

Раиси ҳайати уламо ва мубаллиғони Фаластин гуфт: Дар ду соли гузашта 97 нафар дар Масҷидулақсо ба дини Ислом гаравиданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, шайх Икрима Сабрӣ раиси ҳайати уламо ва мубаллиғони Фаластин ва хатиби Масҷидулақсо дар баёнияе эълом кард, бештари касоне, ки дар Масҷидулақсо ба Ислом гаравиданд, аз кишварҳои Амрико, Фаронса, Олмон, Англия ва Финландия буданд.

Шайх Сабрӣ дар баёния худ афзудааст, дини Ислом, дини адолат ва мудоро аст ва рисолати тамоми адёни осмонии дигарро низ дар даруни худ дорад.

Вай таъкид кардааст, мусулмонон тамоми паёмбарони гузаштаро бидуни истисно қабул доранд ва ба онон имон доранд.

Солона садҳо ҳазор гардишгари хориҷӣ аз масҷиди мубораки Ақсо дар Қудси шариф дидан мекунанд.