Башшор Асад: Пирӯзиҳои Сурия бо ҳимояти Эрон ба даст омад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i11203
Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо раиси ҷумҳурии Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 04, 2017 21:40 Asia/Dushanbe
  • Башшор Асад: Пирӯзиҳои Сурия бо ҳимояти Эрон ба даст омад

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо раиси ҷумҳурии Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори Алоуддини Буруҷердӣ гуфт, пирӯзиҳои ахир дар Сурия бо ҳимоятҳои Эрон амалӣ шудааст.

Буруҷердӣ дар ин дидор озодсозии Ҳалабро табрик гуфт ва афзуд: Эрон дар озодсозии Хуррамшаҳр (24 майи 1982) аз ишғоли режими Саддом, ҳамин шароитро таҷриба кардааст.

Алоуддини Буруҷердӣ дар садри ҳайати парлумонӣ асри рӯзи сешанбе вориди Димишқ пойтахти Сурия шуд.

Бо ройзаниҳои Эрон ва Русия таҳаввулоти Сурия дар масири ҷадиде қарор гирифта ва ахиран оташбаси байни артиши Сурия ва муоризони мусаллаҳи сурӣ ба ҷуз гурӯҳҳои террористии Дииш ва Фатҳушшом иҷро шудааст.