Март 06, 2024 22:30 Asia/Dushanbe

Мардуми шаҳри Димишқ тибқи одатҳое ки аз наслҳо қабл ба онҳо расида, дар охирин ҳафтаи моҳи Шаъбон ба гардишгоҳҳои атрофи ин шаҳр мераванд, манотиқе, ки маъруф ба фаровонии обу сарсабзиву зебоии табиат аст.

Дар мероси фарҳангии номалмуси Сурия, ин гашту гузорҳои тафреҳӣ “такреза” номида мешавад. Хонаводаҳо анвову ақсоми ғизоро тадорук мебинанд ва як рӯз аз субҳро то наздики ғуруб дар боғҳои атрофи Димишқ мегузоранд. Такреза як вожаи баргирифта аз забони суриёнӣ аст, ки ба маънои тафреҳу гашту гузор аст.

Абуодил, аз алоқамандон ба мероси фарҳангӣ мегӯяд, аҳолии шаҳри Димишқ ба тафреҳи қабл аз моҳи мубораки Рамазон одат доштанд ва ин амр нишондиҳандаи алоқаи онҳо ба зебоии табиат аст. Вай афзуд, такреза фурсате аст то рӯҳу бадан барои буъди маънавиву рӯҳонии моҳи ибодат, моҳи пурбаракати Рамазон омода шавад. Дар канори рӯдхонаи Барадо, гуруҳе аз дӯстдорони мероси фарҳангии Сурия бо либосҳои суннатӣ гирдиҳам омаданд то ёдовари такреза дар наслҳои гузашта бошанд.

 

Барчасп