Тафсир: Интихоби Раиси Ҷумҳурии ҷадиди Покистон + назари коршинос
(last modified Sun, 10 Mar 2024 12:22:36 GMT )
Март 10, 2024 17:22 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Интихоби Раиси Ҷумҳурии ҷадиди Покистон + назари коршинос
    Тафсир: Интихоби Раиси Ҷумҳурии ҷадиди Покистон + назари коршинос

“Асиф Али Зардарӣ “ номзади муштараки ҷиноҳи эътилофи Покистон бо райи намояндагони Маҷолиси Сано , миллӣ ва иёлоти ин кишвар ба унвони чаҳордаҳумин Раиси Ҷумҳури Покистон интихоб шуд .

Дар ин интихобот , Асиф Али Зардарӣ ба унвони намояндаи Маҷлиси миллӣ ва  раҳбари ҳизби Мардум аз сӯйи аҳзоби муттаҳиди давлат бо Маҳмӯд Хон Ачакзаӣ аз ҷиноҳи мухолиф рақобат карданд ва  Зардарӣ бо касби 255 рай дар баробари 119 рай ба пирӯзӣ расид . Ин дар ҳоле аст ҳизби Таҳрик-е- Инсафи Имронхон нахуствазири пешини Покистон бо судӯри баёнияе зимни эътирози муҷаддад ба натоиҷи интихоботи ахири парлумонии Покистон , муддаии ғайриқонунӣ будани раванди интихоби таъинӣ Раиси Ҷумҳурӣ шуд .

Ахиран ду ҳизби Муслим Лиг Навоз ва  мардум дар мавриди тақсими маносиби нахуствазир ва  раёсати Ҷумҳӯрии Покистон тавофуқ карданд ки ба унвони мабно ва  появу  асоси эътилофи анҳо дар парлумон барои ташкили давлат маҳсӯб мешавад . Дар воқеъ ҳадафи муштараки ин ду ҳизби ибтидо канор задани ҳизби Таҳрик-е- Инсаф аз дастёбӣ ба нахуствазирӣ ва ё раёсати Ҷумҳурӣ буд зеро намояндагони Таҳрик-е- Инсаф ки ба шакли мустақил дар интихоботи ахири порлумонӣ ширкат карда буданд бештарини курсиҳои парлумониро касб гарданд аз ин рӯ ду ҳизби Мардум ва Муслим Лиг Навоз   бо эътилоф бо ҳам муваффақ ба канорзадани Таҳрик-е- Инсаф аз гардунаи рақобат барои касби қудрат шуданд .

“Аббос Хатак “ коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд : “ Шояд ба ҷуръат метавон гуфт нуқтаи муштараки ду ҳизби Муслим Лиг Навоз  ва  Мардум барои ҳамкорӣ ва  эътилофи канор задани Таҳрик-е- Инсаф буд ва дар ин масир ҳам муваффақ амал карданд . Дар ин шароит ду ҳизби Мардум ва Муслим Лиг Навоз масъулияти сангине барои посухгуӣ ба интизороти мардум ва  ҳали мушкилоти Покистон бархӯрдоранд ."

Бо тавваҷуҳ ба истиқболи хуби минтақаӣ ва  байналмилалӣ аз интихоби раиси Ҷумҳӯри ва  нахуствазири Покистон метавон гуфт бастар ва  фазои муносибе барои таҳаққуқи шиори давлати ҷадиди Покистони мабнӣ бар табдили ин кишвар ба қудрати ақтисодӣ то як даҳаи оянда эҷод шудааст . Иловабарин Асиф Али Зардарӣ дар давраи қаблии раёсати Ҷумҳурии худ муваффақ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  тиҷорӣ бо ҳамсоягони Покистон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд . Аз инрӯ бозгашти муҷаддади Зардарӣ ба курсии раёсати Ҷумҳурии Покистон ёдовари рӯзҳои дурахшон ва  тиллоии равобити ду кишвари бародар , дӯст ва  ҳамсояи Эрон ва  Покистон талаққӣ мешавад .

Аз инрӯ бо интихоби муҷаддади Зардарӣ ба унвони раиси Ҷумҳурии Покистон умедвориҳо ба тақвияту таҳкими равобити миёни Теҳрон ва  Исломобод ба хусӯс дар бахши газӣ афзоиш ёфтааст . Агар чӣ раиси Ҷумҳур дар Покистон , мақоми ташрифотӣ ба шумор меояд бо ин ҳол гироиши Зардарӣ ба тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои ахир ин равандро тақвият кардааст .

Дар ҳар ҳол интизор меравад давраи панҷ солаи раёсат Ҷумҳурии Асиф Али Зардарӣ ки пас аз поёни давраи Ориф Алавӣ  ағоз шудааст давраи шукӯфоии беш аз пеши равобити Покистон бо ҳамсоягон бошад. Зардарӣ 68 сола , ҳамсари Беназир Бҳутто нахуствазири фақиди Покистон ва  падари Билавал Бҳутто  Зардарӣ вазири собиқи умӯр хориҷааст . Аз инрӯ хонаводаи куҳнакор дар арсаи сиёсии  Покистон ба қудрати бозгашта аст ва аз инрӯ маҳофили минтақаӣ  аз ҷумла дар Афғонистон низ интизор доранд давлати ҷадиди Покистони гомҳои амалӣ барои чолишзудоӣ аз равобити Исломобод ва Кобул  низ бардорад .