Март 12, 2024 10:54 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: Тавсифи фоҷеъаҳои Ғазза мумкин нест

Ҷеймс Алдер, сухангӯи Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид «ЮНИСЕФ» гуфт: Калимаи муносиб барои тавсифи фоҷеъаҳои Ғазза вуҷуд надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷеймс Алдер бомдоди сешанбе хоҳони таваққуфи ҷанг ва поёни кобӯси сокинони Ғазза шуд.

Алдер бо баёни инки кӯдакони Ғазза бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд, афзуд: Кӯдакон бештарин осебро аз ҷанг, гуруснагӣ ва бадхурокӣ дар навори Ғазза мутаҳаммил мешаванд.

 Катрин Расил-мудири иҷроии ЮНИСЕФ низ пештар бо баёни инки ҳамакнун бисёре аз кӯдакон дар Ғазза дучори бадхурокии шадид ҳастанд, таъкид карда буд: Кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза дар остонаи марг ҳастанд.

Расил афзуд: Аз ҳар 6 кӯдаки зери 2 сол дар Ғазза, як кӯдак дучори суъ бадхурокии шадид аст.

 Дар ҳамин росто дафтари иттилоърасонии давлати Ташкилоти худгардони Фаластин душанбешаб ҳушдор дод: Шумори кӯдаконе, ки дар натиҷаи гуруснагӣ ва қаҳтӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳар рӯз бештар мешавад.

Вай афзуд: Беш аз 2 миллион овора дар 100 минтақа вуҷуд доранд, ки қодир ба ёфтани чизе барои рафъи гуруснагии худ нестанд.

 Ашраф Алқудра-сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза низ чаҳоршанбеи гузашта эълом кард бо даргузашти як навҷавон ва як фарди солхурда бар асари бадхурокӣ ва гуруснагӣ, шумори қурбониёни қаҳтӣ дар навори Ғазза ба 20 тан афзоиш ёфт.

 Алқудра хотирнишон кард: Омори эъломшуда фақат мутааллиқ ба қурбониёне аст, ки дар бемористонҳо ҷонашонро аз даст додаанд.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Ғарб ва барои ҷуброни шикаст дар амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо, куштори густурдаеро дар Ғазза ба роҳ андохтааст. Ин режим тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

 Бар асоси гузоришҳо то кунун афзун бар 30 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва 70 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

 

 

Барчасп