Ҳамалоти сангини Ҳизбуллоҳи Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ
Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои падофанди ҳавоӣ ва мушакии режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ бо беш аз 100 ракета хабар дод.
Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, размандагони муқовимати исломӣ дар ростои ҳимоят аз миллати муқовими Фаластин ва пуштибонии муқовимати шуҷоу шарифи он дар борикаи Ғазза ва ҳамчунин дар посух ба ҳамалоти душман ба рустоҳову манозили шаҳрвандони лубнонӣ дар Баълабак, ҷануби ин кашвар, рӯзи сешанбе мақари фармондеҳии падофанди ҳавоӣ ва мушакии душманро ҳадафи ҳамалоти мушакиву тӯпхонаии худ қарор дод.
Ҳудуди 100 гулӯла ракета субҳи имрӯз ба самти сарзаминҳои ишғолии Фаластин шиллик шуд, ки ин сангинтарин ҳамла аз замони оғози ҷанг дар ҳафтуми октябри соли гузашта буд. Ҳамзамон зангҳои хатар ба таври хос дар шимоли Ҷавлони ишғолӣ, Ғаҷар ва Айнқанё ба садо даромад.