Январ 06, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарӣ дар бораи омӯзиши аввалияи нерӯҳои ДИИШ дар Туркия

Як афсари аршади артиши Туркия фош кард, ки Созмон иттилооти ин кишвар пеш аз оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ афроди гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар пойгоҳҳои сиррии вобаста ба артиш омӯзиш дода буд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Аҳмад Қаҳвачӣ, фармондеҳ собиқи қисми ҳарбии Диёр Боқири Туркия иттилооти ҷадиде аз дахолати ин кишвар ва режими Оли Сауд дар ҳимоятҳои молӣ, таслеҳотӣ ва омӯзишӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ фош кард.

Вай, ки ба ҳамроҳи садҳо санади сиррӣ аз Туркия фирор кардааст, акнун зери назари Созмон иттилооти Олмон қарор дорад.

 Аҳмад Қаҳвачӣ гуфт, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия борҳо аз пойгоҳҳои омӯзишии афроди ДИИШ дидан карда ва аз таҷҳизоти онон иттилоъ ёфта буд.

Қаҳвачӣ ҳамчунин фош кард, мураббиёни амрикоии вобаста ба ширкати амнияти амрикоии Блок Вотер зери назари Вазорати дифои Амрико ин афроди мусаллаҳро омӯзиш додаанд.

Вай таъкид кард, амалиёти иҷораи муздурон ва омӯзишу мусаллаҳ кардани онон бо силоҳҳои пешрафта аз тариқи писарони Эрдуғон сурат гирифтааст, ки тавонистаанд миллиардҳо доллар аз тариқи ҳимоятҳои лоҷестики аз Арабистон, Қатар ва кишварҳои ҳампаймони дигари Эрдуғон дарёфт кунанд.