Афзоиши шумори талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза
(last modified Mon, 01 Apr 2024 12:47:07 GMT )
Апрел 01, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ аз афзоиши шумори талафоти худ дар ҷараёни ҷанги Ғазза хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, як низомии дигари ин режим аз гурдони 77 дар ҷараёни ҷанг бо размандагони муқовимати Фаластин дар ҷануби Ғазза ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манобеи саҳюнистӣ, аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун 600 низомии режими саҳюнистӣ кушта шудаанд, ки аз ин теъдод 264 нафар баъд аз оғози ҳамлаи заминӣ ба Ғазза ба ҳалокат расидаанд.

Расонаҳои саҳюнистӣ то кунун ба сензураи шадид дар эъломи омори талафоти худ мубодират кардаанд, иқдоме, ки ба далели шумори болои талафоти низомиёни саҳюнист дар ҷанг алайҳи Борикаи Ғазза ва тарс аз вокунишҳои бештари дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом гирифтааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ пештар фош карданд, омори захмиҳое, ки артиши режими саҳюнистӣ эълом мекунад, бо оморе, ки бемористонҳои ин режим ироа медиҳанд, ихтилофи зиёде дорад.

Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ пеш аз ин эълом карда буд, ки артиши ин режим аз мақомҳои бемористонҳо хостааст то бидуни ҳамоҳангӣ бо артиш, ҳеҷ оморе аз талафотро мунташир накунанд.

Ҳамзамон бо ақибнишинии неруҳои режими саҳюнистӣ аз атрофи ин муҷтамаи бемористонӣ дар шаҳри Ғазза, ки дар тӯли ду ҳафтаи муҳосира тахриби комил шудааст, пайкарҳои даҳҳо шаҳрванди фаластинӣ дар хиёбонҳо ва муҳавватаи сохтумонҳои атрофи бемористон мушоҳида мешавад.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз (душанбе) изъон кард, ки артиши режими саҳюнистӣ беш аз 200 шаҳрванди фаластиниро дар тӯли ду ҳафтаи муҳосираи бемористони Шифо ба шаҳодат расонда ва 900 шаҳрванди дигарро рабудааст.