Январ 08, 2017 18:49 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи мақоми саудӣ барои афзоиши саҳмияи ҳаҷ

Вазири ҳаҷҷу умраи Арабистон аз афзоиши саҳмияи ҳаҷҷи 2017 хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир Бентен, вазири ҳаҷҷу умраи Арабистон дар Твиттер навишт, малик Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон бо афзоиши зарфияти ҳоҷиён дар соли 1438 (соли ҷории қамарӣ) мувофиқат кардааст.

Давлати Арабистон соли гузашта бо коршиканӣ ва монеътарошӣ, аз ҳузури ҳоҷиёни эронӣ барои фаризаи ҳаҷ ҷилавгирӣ кард.

Дар моҳи сентябри соли 2015 ба иллати мудирияти нодурусти масъулони саудӣ дар маносики Рамми Ҷамарот дар саҳрои Мино ҳазорон зоири Хонаи Худо ҷон бохтанд.

Бар асоси эъломи Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон, 464 зоири эронӣ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп