Сайидҳасан Насруллоҳ: Шаҳид Раисӣ як улгу буд
Дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳ гуфт, раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон дар тамоми ҷойгоҳҳое, ки дар онҳо масъулият дошт, як улгу ва ходими миллат буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳасан Насруллоҳ дар маросими гиромидошти шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш дар ҳусайнияи Сайидуш-шуҳадои, дар Бейрут бо арзи тасалият ба давлат ва милати Эрон афзуд, ҳодисаи суқути болгарди раисҷумҳури Эрон ҳодисаи бисёр дарднок ва нороҳаткунанда дар дохил ва хориҷи Эрон буд.
Насруллоҳ гуфт, меҳвари муқовимат, миллат ва давлати Лубнон вафодории худро нисбат ба касоне, ки ҳамвора дар каноршон будаанд эълом мекунад ва ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва миллати Эрон тасалият мегӯяд.
Дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард, шаҳид Раисӣ имон ва эътиқоди шадиде ба ормони Фаластин, муқовимат ва гурӯҳҳои муқовимат дошт ва душмани саҳюнистҳои ишғолгар буд.
Насруллоҳ дар ин ҳол таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари қавӣ , мунсаҷим ва босалобате аст, ки бо ташкилоти қонунманд ва бо раҳбари ҳаким аз ин марҳила низ убур хоҳад кард.
Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин ташйиъи миллионии пайкари шаҳид Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидашро пас аз ташйиъи пайкари ҳазрати Имом Хумайнӣ (ра) ва сардори сипаҳбуд, шаҳид Қосим Сулаймонӣ-севумин ташйиъи ҷанозаи бузург дар таърих эълом кард.