Ҳушдори салиби сурх дар бораи вазъияти фоҷеъабор дар Рафаҳ
Раиси федератсияи ҷаҳонии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар вазъияти инсонӣ дар Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғаззаро фоҷеъабор тавсиф кард.
Ба гузориши шабакаи хабарӣ Алҷазира, Франческо Рокка раиси федератсияи ҷаҳонии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар бо баёни ин ки вазъияти инсонӣ дар рафаҳи фоҷеъабораст ва шароит руз ба руз бадтар мешавад , аз буҳрони ноумедкунанда ва ташдид шудаи инсонӣ дар борӣкаи Ғаззаи иброз нигаронӣ кард.
Пештар, Ашрафи Алқадара сухангуи Вазорати беҳдошти Фаластин дар борика Ғазза гуфта буд ки беш аз 20 ҳазор бемори мубтало ба саратон, бемориҳои қалбӣ ва хунӣ дар шароити ғайриинсонӣ ба далели ишғол, муҳосира ва ҷанги нобудии ғайринизомиён дар Ғазза дар интизори боз шудани гузаргоҳ Рафаҳ ҳастанд.
Сухангуи Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза бо баёни ин ки ҷомеъаи байналмилалӣ дар бораи мушкилоти Ғазза ба кунди амал мекунад ки мутаносиб бо наслкушӣ ва вайронӣ дар ин минтақа нест ва ҳамчунин бо дархост аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои наҷоти қурбониён аз аворизу марг, таъкӣд кард ки ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба марокизи беҳдоштӣ ва дармонии онҳоро нокоромад карда аст.