Июн 08, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии артиши Амрико ва Бритониё ба фурудгоҳи Алҳудайдаи Яман

Манобеъи хабарӣ аз ҳамлаи ҳавоии Амрико ва Бритониё ба фурудгоҳи Алҳудайдаи Яман ва як бандар дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи Алҷазира ба нақл аз манобеъи вобаста ба Ансоруллоҳи Яман, эътилофи амрикоӣ ва бритониёӣ фурудгоҳи Алҳудайдаи Яман ва лангаргоҳи «Илҷод» дар бандари Алслифро ҳадаф қарор доданд.

 Дар моҳҳои ахир манотиқи мухталифи Яман борҳо омоҷи ҳамалоти таҷовузкоронаи Амрико ва Бритониё қарор гирифтаанд.

Ин ҳамалот бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Яман ба манзури таваққуфи муҳосираи дарёӣ эҷод шуда бар режими саҳюнистӣ анҷом мегирад.

 Артиши Яман тайи моҳҳои гузашта ва ба думболи оғози амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо дар Ғазза, дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин чанд киштии мутааллиқ ба режими ишғолгари Қудс ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор додааст.

 Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.

 

Барчасп