Насруллоҳ: Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ такягоҳе барои муқовимати Лубнон буд
Дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ҳомӣ, ёвар, такягоҳи бузург ва мудофеи сарсахти муқовимати исломии Лубнон дар 34 соли гузашта хонд.
Ба иттилои Ирно, Саид Ҳасани Насруллоҳ, субҳи рӯзи душанбе дар баёнияе зимни таслияти даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мардуми Эрон ва хонаводаи он марҳум таъкид кард: Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба Фаластин ва Қудс ба унвони қазияи меҳварии уммати исломӣ имон дошт ва парчамдори он буд ва муқобили тарҳи режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва минтақа, муқовиме сарсахт ва мустаҳкам буд .
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар паёми худ овардааст: Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳамвора ва ба таври мутлақ ҳомии миллат, муқовимат ва ҷиҳод дар Фаластин буд .
Абдуллоҳ Гул, нахуствазир ва мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия ва Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон низ даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба давлату миллати Эрон таслият гуфтанд.
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд низ дар паёме дар Твиттер навишт: “Аз тарафи як миллиарду 250 миллион нафар аз ҳамватанонам, амиқтарин таслиятҳоро барои даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба миллати Эрон иброз мекунам”.
Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва аз пешгомони инқилоби исломӣ ба далели оризаи қалбӣ, шомгоҳи якшанбе дар синни 82 солагӣ дори фониро видоъ гуфт .