Иддаои шӯъбадабози саҳюнист дар сарнагун кардани паҳподҳои эронӣ!
(last modified Tue, 18 Jun 2024 07:21:18 GMT )
Июн 18, 2024 12:21 Asia/Dushanbe
  • Иддаои шӯъбадабози саҳюнист дар сарнагун кардани паҳподҳои эронӣ!

Юрий Геллер, шӯъбадабози саҳюнист муддаӣ шуд дар беасар кардани ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Фаластини ишғолӣ дар моҳи апрел, нақш дошт, аммо наметавонад ҷузиёти онро фош кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи « «Ҷерузалем Пост»» бо шахсе ба номи Юрий Геллер, «ҷодугари исроилӣ» мусоҳиба кард, ки муддаӣ шуд: «Ман дар беасар кардани ҳамлаи паҳподии Эрон ба Исроил нақш доштам» ! Бо ин ҳол ӯ натавонист ҷузъиёти ончиро дақиқан иттифоқ афтода буд, фош кунад.

 Юрий Геллер муддаӣ шуд, ки ин иттифоқҳо маҳрамона(махфӣ) аст!

Геллер гуфт: «Наметавонм вориди ҷузъиёт шавам, чун амалиёт маҳрамона буд, аммо ман дар сарнагунии паҳподҳои эронӣ, ки дар моҳи апрел ба Исроил ҳамла карданд, нақш доштам. Ман наметавонам вориди ҷузъиёт шавам, аммо ин як воқеият аст» !