Буҳти маҳофили низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ аз шоҳкори паҳподии Ҳизбуллоҳ
Видеои пахш шуда аз сӯи муқовимати исломии Лубнон дар бораи парвози паҳподи шиносоии Ҳизбуллоҳ бар фарози арозии ишғолӣ ба шиддати саҳюнистҳоро дучори буҳт ва ваҳшат кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои исроилӣ видеои пахш шуда аз паҳподи шиносоии “Ҳудҳуд”-и Ҳизбуллоҳро бисёр хатарнок қаламдод карда изъон карданд, тавони Ҳизбуллоҳ артишу сервиси амниятии режими Исроилро мутаҳайир кардааст.
Расонаҳои исроилӣ бо ибрози нохурсандӣ аз парвози бидуни музоҳимат паҳподи “Ҳудҳуд” бар фарози бандари Ҳайфо эълом карданд, Ҳизбуллоҳ бо пахши ин видео, паёми таҳдид барои ин бандари Ирсол кардааст.
Расонаҳои исроилӣ интишори видео ва тасовири паҳподи шиносоии Ҳизбуллоҳро бисёр нигаронкунанда тавсиф ва эълом карданд, Ҳизбуллоҳ видеои кушта шудагон ё захмиҳоро мунташир накард, балки тавони иттилоотии худро ба рух кашид.
Манобеи расонаии Исроил рӯзи сешанбе аз вуруди як фарванди паҳподи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ ва тасвирбардории муваффақиятомези он аз мавозеъи ҳассос дар бандари Ҳайфа хабар доданд.
Бар асоси ин гузориш, паҳподи шиносоии Ҳизбуллоҳ пас аз сабти муваффақиятомези тасовири муҳим ба хоки Лубнон бозгашта ва тасовири гирифта шударо дар ихтиёри размандагони муқовимат қарор додааст.