Исроил ба дунболи афзоиши густариши бемории гепотит дар миёни оворагони Ғазза
Порстудей. Манобеи бемористонӣ дар навори Ғазза бо ишора ба мамониати ишғолгарон аз вуруди сӯхт ба ин минтақа, дар бораи густариши бемории ҳепотит ё гепотит ҳушдор доданд.
Солеҳ ал-Ҳумс, раиси бахши парастории бемористони Ғазза эълом кард, ишғолгарони саҳюнист маҳдудиятҳои шадиде дар заминаи воридоти сӯхт ба борикаи Ғазза ва мамониат аз вуруди таҷҳизоти пизишкӣ ба ин минтақа аъмол кардаанд.
Ба гузориши Порстудей, вай афзуд, созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи бемористонҳо иқдом кунанд.
Ҳамзамон дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ эълом кард, неруҳои саҳюнист усули асосии қавонини ҷанг дар борикаи Ғаззаро нақз кардаанд.
Ин дафтари вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз бакоргирии силоҳу маводи мунфаҷира аз сӯи ишғолгарон дар миёни ғайринизомиён хабар дод ва эълом кард, режими саҳюнистӣ бо қоил нашудани тафовут миёни низомиёну ғайринизомиён, ҳамаи онҳоро бо ин силоҳу мавод аз байн мебарад.
Ашраф ал-Қадра, сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин чанде пеш бо ишора ба авзои буҳронӣ дар борикаи Ғазза эълом кард, ки 27 ҳазор нафар дар ин минтақа ба бемории ҳепотити A, ношӣ аз масрафи обу ғизои олуда мубтало шудаанд. Режими ишғолгар амдан дар ҳоли нобудии барномарезишудаи системаи беҳдошту саломат дар борикаи Ғазза аст ва бо ҳамла ба бемористонҳо хадамоти дармониро мухтал мекунад.
Тибқи эъломи Вазорати беҳдошти Ғазза, шумори шуҳадои ҷанг то ин лаҳза беш аз 37 ҳазор нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба беш аз 85 ҳазор нафар расидааст.