Тарҳи амниятии Ироқ - вижаи айёми Муҳаррам ва маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i115852
Сухангӯи воҳиди иттилоърасонии амниятии Ироқ аз таҳияи тарҳи амниятии вижаи айёми Муҳаррам ва роҳпаймоии азими Арбаини Ҳусайнӣ (а) дар саросари Ироқ бо ҳамкории Кумитаи олии амниятии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 08, 2024 15:23 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ироқ барои айёми Муҳаррам ва Арбаин
    Омодагии Ироқ барои айёми Муҳаррам ва Арбаин

Сухангӯи воҳиди иттилоърасонии амниятии Ироқ аз таҳияи тарҳи амниятии вижаи айёми Муҳаррам ва роҳпаймоии азими Арбаини Ҳусайнӣ (а) дар саросари Ироқ бо ҳамкории Кумитаи олии амниятии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Ирна, Таҳсин Хафоҷи, сухангӯи воҳиди иттилоърасонии амниятии Ироқ бо ишора ба инки ин тарҳи амниятӣ то поёни баргузории маросими Арбаини имом Ҳусайн (а) идома хоҳад дошт, таъкид кард: Фармондеҳии кулли Неруҳои мусаллаҳи Ироқ ба ин тарҳ тавваҷуҳи зиёде дорад ва ҳатто як гуруҳи вижа низ дар барномаҳои корбурдии расонаҳои иҷтимоӣ барои ҳалли ҳар гуна мушкилу тасҳили мароҳил барои зоирон фаъолият мекунад.

20 сафари 1446 ҳиҷрии қамарӣ (25 августи 2024) Арбаин (40 рӯз баъди шаҳодат)-и шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало мешаванд.