Ҳушдори Созмони пизишкони бидуни марз дар бораи вазъияти бемористонҳои Ғазза
(last modified Wed, 17 Jul 2024 12:44:57 GMT )
Июл 17, 2024 17:44 Asia/Dushanbe
  • Созмони пизишкони бидуни марз: Дар Ғазза ҳеҷ ҷои амне боқӣ намондааст
    Созмони пизишкони бидуни марз: Дар Ғазза ҳеҷ ҷои амне боқӣ намондааст

Созмони пизишкони бидуни марз дар бораи вазъияти асафноки бемористонҳои борикаи Ғазза ва набуди имконоти аввалияи дармон дар ин минтақа ҳушдор дод.

Созмони пизишкони бидуни марз дар баёнияе дар бораи вазъияти фоҷеабори бемористонҳои Ғазза эълом кард, бемористонҳо фоқиди ибтидоитарин имконот ҳастанд ва дар натиҷаи идомаи ин вазъият, ҳар сония теъдоди бештаре аз мардуми Фаластин ҷони худро аз даст хоҳанд дод.

Ин ниҳоди байналмилалӣ, пизишкону кадри дармон дар борикаи Ғаззаро ба хотири аз байн рафтани системаи беҳдошту саломат, таҳти фишори шадиди рӯҳиву ҷисмӣ эълом карду афзуд: Ҳар ҳамлаи Исроил ба борикаи Ғазза тимҳои пизишкиву кадри дармони ин минтақаро таҳти шадидтарин фишорҳои ғайриқобили таҳаммул қарор медиҳад.

Ин созмон гуфтааст, дар Ғазза ҳеҷ ҷои амне боқӣ намондааст ва онҳо ҳар рӯз шоҳиди шаҳодати теъдоди бештаре аз мардуми Фаластин дар Ғазза ҳастанд.

Бо гузашти беш аз 9 моҳ аз оғози таҷовузи бидуни натиҷаву дастоварди режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ин режим рӯз ба рӯз бештар дар буҳронҳои дохиливу хориҷии худ фурӯ меравад.