Июл 20, 2024 11:12 Asia/Dushanbe
  • таҳлил; Тел-Авив дар тирраси Ансоруллоҳ

Ансоруллоҳ дар вокуниш ба ташдиди ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва беэътиноӣ ба дархости он дар бораи таваққуфи ҳамлаҳои талофиҷуёна ба сарзаминҳои ишғолӣ дар ивази ирсоли маводи ғизоӣ ба Ғазза доманаи ҳамлаҳои худро аз қисматҳои мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ ба Тел-Авив, пойтахти ин режим густариш дод.

Неруҳои мусаллаҳи Яман баёнияе дар хусуси иҷрои амалиёти низомӣ, ки ҳадафи муҳиммеро дар минтақаи «Ёфо»-и ишғолӣ, ки исроилиҳо онро «Тел-Авив» мехонанд, мунташир кард.

 Дар ин баёния омадааст ин ҳамла бо паҳподи нав ба номи «Ёфо» анҷом гирифт, ки қобилияти гузар аз сомонаҳои раҳгирро дорад ва радарҳо наметавонанд онро шиносоӣ кунанд.

Ин баёния пас аз он мунташир шуд, ки артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки исобати як «ҳадафи ҳавоӣ» ба наздикии сафорати Амрико дар Тел-Авив боиси инфиҷор(таркиш) шудааст.

 Ба гуфтаи рӯзноманигорони фаластинӣ, ин инфиҷор дар яке аз бузургтарин хиёбонҳои Тел-Авив ва дар як минтақаи амниятии пур аз бурҷҳо, сафоратхонаҳо ва падофандҳои ҳавоӣ ба вежа сафорати Амрико рух додааст, ки танҳо даҳҳо метр дӯртар аз маҳалли инфиҷор қарор доранд.

 Садои инфиҷор ба ҳадде қави будааст, ки аз фосилаи 40 километрии маҳалли инфиҷор шунида шудааст ва садои он ба Каронаи бохтарӣ ҳам расидааст.

Филмҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шудани дуди сафедранг дар наздикии сафорати Амрикоро нишон медиҳад ва бо таваҷҷуҳ ба инки Яман ҳамвора Амрикоро масъули ҷинояти режими саҳюнистӣ медонад, аз ин рӯ ин амалиёт нишон медиҳад, ки паҳпод тавониста ба ҳадафи аз пеш таъйиншудаи худ бархурд кунад.

 Бахши имдодрасонӣ ва ёрии таъҷилии режими саҳюнистӣ фош кард, бар асари ин инфиҷор як саҳюнист кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.

 Ба гуфтаи манобеъи саҳюнистӣ ин паҳпод аз тариқи баҳр вориди сарзаминҳои ишғолӣ шуда ва муваффақ ба гурез аз системаҳои радарӣ шудааст.

 Артиши режими саҳюнистӣ дар аввалин вокуниш ба ин ҳамла зимни иқрор ба шикасти худ иддао кард, ки таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки нокомии раҳгирии ин паҳпод, ба далели «хатои инсонӣ» будааст.

 Ҳадаф аз тарҳи ин иддао сарпӯш гузоштан бар нокоромадии сомонаҳои радарии ин режим аст ва аз ин бим дорад, ки дар фурӯши ин сомонаҳо бо буҳрон мувоҷеҳ шавад.

 Нокоромадии ин сомонаҳо дар ҷараёни ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Ансоруллоҳ ва дигар неруҳои муқовимат ба бандарҳо ва марказҳои стратегии ин режим низ ба исбот расида буд.

Ҳамчунин густариши доманаи ҳамлаҳои Ансоруллоҳ ба Тел-Авив посухе ба исрори ин режим ба идомаи ҳамалот ва ҷиноёти худ дар Ғазза бахусус дар ташдиди фишорҳои иқтисодӣ бар сокинони ғайринизомии ин минтақа аст, ки ба бурузи фоҷеаи инсонии бесобиқа анҷомидааст.

 Пеш аз ин Муҳаммад Алӣ ал-Ҳавсӣ дар изҳороте хитоб ба режим саҳюнистӣ хотирнишон карда буд : Ба андозае, ки иҷоза диҳед кумакҳо вориди навори Ғазза шавад, артиши муҷоҳиди Яман ба ҳамон андоза иҷоза медиҳад, ки (коло) вориди бандари Илот дар сарзаминҳои ишғолӣ шавад.

 Бандари Илоти режими саҳюнистӣ, ки дар пайи ҳамалоти неруҳои мусаллаҳи Яман (Ансоруллоҳ) бо уфти 85 дарсадии ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ рӯбарӯ буда, хостори кумакҳои молӣ аз ин режим шудааст, ки паёмадҳои иқтисодии ин ҳамалотро ошкор месозад.

 Чунин вазъияте боиси афзоиши буҳрони иқтисодии бархоста аз афзоиши хароҷоти тиҷорати дарёӣ ба хотири тағйири масири киштиҳои борӣ дар баҳри Сурх ва Бобулмандаб шудааст.

 Илот дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Сурх воқеъ шудааст, ки Исроилро бидуни ниёз ба гузар аз канали Суис, ба Осиё ва Уқёнуси Ҳинд пайванд месозад.

 Артиши Яман дар моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии исроилӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

 Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.Ин ба ин мафҳум аст, ки тӯби таваққуфи ин ҳамалоти талофиҷуёна(ҳамлаҳои ҷавобӣ) дар замини режими саҳюнистӣ аст ва ин режим бо таваққуфи ҳамалот ба Ғазза метавонад заминаро барои таваққуфи ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат фароҳам созад.

 

Барчасп