Эрон: Истодагии мардуми Яман муҷиби ифтихори уммати исломӣ аст
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонии сухангӯ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман, истодагии раҳбарӣ, размандагони муҷоҳид ва миллати муқовими яманиҳо дар канори мардуми мазлуми Фаластин дар муқобили режими саҳюнистиро таърихӣ ва муҷиби ифтихори уммати исломӣ донист.
Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамосии телефонии Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман, зимни маҳкумияти ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба таъсисоти ғайринизомии бандари Ҳудайдаи Яман ва ибрози ҳамбастагии Эрон бо мардуму муқовимати Яман дар баробари ҷиноёти режими ҷаълии Исроил, дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ ва ройзанӣ кард.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин муқовимати мисолзадании мардуми Ғазза, ибтикори раҳбарӣ ва мардуми муқовими Яман дар ҳамроҳиву пуштибонӣ аз фаластиниён дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо ва анҷоми амалиёти “Ваъдаи содиқ” аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эронро се рӯйдоди таъсиргузор донист, ки дар беш аз 9 моҳи гузашта шикасте роҳбурдиро барои саҳюнистҳо ба дунбол доштааст.
Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман низ дар ин гуфтугӯ, зимни қадрдонӣ аз паёми Ҷумҳурии исломии Эрон дар ибрози ҳамбастагӣ бо мардуму муқовимати Яман дар баробари таҳоҷуми ахири режими саҳюнистӣ ба хоки Яман, ҳадаф қарор додани таъсисоти ғайринизомӣ аз сӯи ин режимро, ки мунҷар ба шаҳодату осеб расидан ба ғайринизомиён шуд, нишондиҳандаи дармондагиву шикасти мазбуҳонаи саҳюнистҳо донист.