Идомаи ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба таҷҳизоти ҷосӯсии режими саҳюнистӣ
Август 28, 2024 09:35 Asia/Dushanbe
Саҳоб-Ҳизбуллоҳи Лубнон бори дигар аз инҳидоми таҷҳизоти ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар атрофи як подгони низомӣ хабар дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Маёдин”, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, таҷҳизоти ҷосӯсии ҷадиди режими саҳюнистӣ, ки дар атрофи подгони “Довиф”кор гузошта шуда буд, бо паҳподи таҳоҷумии Ҳизбуллоҳ мустақиман ҳадаф қарор гирифт ва мунҳадим шуд.
Пештар низ Ҳизбуллоҳ аз ҳадафи қарор додани таҷҳизоти ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи “Ромиё” дар ҳамлаи паҳподӣ хабар дода буд.