Январ 13, 2017 20:05 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи собиқи парлумони Туркия: 500 ҳазор тарафдори ДИИШ дар Туркия ҳастанд

Як намояндаи собиқи парлумони Туркия имрӯз, ҷумъа дар бораи вуҷуди 500 ҳазор тарафдори гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар ҳушдор дод ва гуфт, ки афроди ДИИШ бо ҳавопаймо ба шаҳрҳои Истанбул ва Ғозиантеп омаданду сипас барои набард ба Сурия рафтанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ассумария”, Муҳаммад Шукур, аз намояндагони собиқи Ҳизби халқи ҷумҳурии Туркия аз шаҳри Ғозиантеп дар гуфтугӯ бо як барномаи телевизионӣ таъкид кард, дар Туркия ҳудуди 500 ҳазор тарафдори гурӯҳи террористии ДИИШ вуҷуд дорад.

Вай афзуд: "Туркия ба кишваре бо бунёнҳои суст табдил шудааст, ки метавон дар он амалиёти террористӣ иҷро кард ва бо тадбирҳои кунунӣ наметавон пеши онро гирифт".

Муҳаммад Шукур гуфт, танҳо роҳи пешгирӣ аз ин амр ҳамон поксозии ҷуғрофиёӣ аст, ки терроризмро мутаваллид кард. Вай хостори поён додани фаврӣ ба терроризми мавҷуд дар Сурияву Ироқ шуд.

Ин намояндаи собиқи парлумони Туркия гуфт, бахши манфии қазия ин аст, ки ҳудуди 500 ҳазор тарафдори гурӯҳи террористии ДИИШ дар дохили Туркия вуҷуд доранд.

Вай афзуд, ки дар соли 2013 дар бораи пайвастани се ҳазор нафар ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар дохили парлумон суҳбат кардаасту ин омор баъдан ба 10 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Муҳаммад Шукур ба пайвастани афроде аз манотиқи мухталифи Туркия ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ дар дохили Сурия ва кушта шудани онҳо дар онҷо ва вуруди кӯдаконе аз Судону Англия ба шаҳри Ғозиантеп барои кӯмак ба ДИИШ ишора кард.

Вай афзуд, Истанбулу Ғозиантеп ҳамроҳ бо шаҳрҳои Ҳотой, Уруфо ва Қуния шоҳиди тарафдорони амалии гурӯҳи террористии ДИИШ аст. Муҳаммад Шукур гуфт: “Бояд шабакаи ДИИШ дар онҷоро кашфу ин ҷавононро аз мушти ДИИШ наҷот диҳем”.

Туркия дар сурате, ки амалан битавонад ин корро анҷом диҳад, муваффақ хоҳад шуд, ки ҳамалоти террористиро мутаваққиф кунад, зеро дар ғайри ин сурат ҳамаи ҷавонон ба мошини ҷангӣ табдил хоҳанд шуд.

Бар пояи ин гузориш, Муҳаммад Шукур аз таҳаррукоти артиши Сурия ҳамроҳ бо гурӯҳи мусаллаҳи мавсум ба Артиши Озоди Сурия дар амалиёти “Сипари Фурот" интиқод кард ва ба вуҷуди муздурони Амрико дар дохили ин гурӯҳ ишора карду гуфт, ниме аз афроди Артиши Озод барои Амрико кор мекунанд.

Вай афзуд: “Ман бо бисёре аз инҳо дар он ҷо мулоқот кардам. Онҳо дар сохтмонҳои давлатӣ дар Ғозиантеп буданду шуморе аз фармондеҳони онҳо дар ин шаҳр иқомат доранд. Бо онҳо нишаставу суҳбат кардам. Тазмине вуҷуд надорад, ки инҳо фардо ба мо хиёнат накунанд. Туркия бояд мавзеи худро дар ин замина ислоҳ кунад”.