Октябр 07, 2024 10:30 Asia/Dushanbe
  • Худсузии ҳомии Фаластин ва Лубнон муқобили Кохи Сифед
    Худсузии ҳомии Фаластин ва Лубнон муқобили Кохи Сифед

Порси тудей-яке аз муътаризон ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва Лубнон муқобили Кохи Сифед худро ба оташ кашид.

Дар ҷараёни тазоҳуроти густардаи ҳомиёни Фаластину Лубнони муқобили Кохи Сифед дар Вашингтон, як муътаризи амрикои худсузи кард .

Ба гузориши Порси тудеӣ ин тазоҳуркунанда ҳангом ба оташ кашидани худ, фарёди озодии Фаластин сар дод .

Тазоҳуркунандагон дар Вашингтон бо баргузарии тазоҳуроти густардаи муқобили Кохи Сифед ба тадовуми ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борӣкаи Ғазза ва Лубнон ва ҳимоятҳои Амрико аз ин ҷиноёт эътироз карданд.

Пеш аз ин дар 25 феврал Орун Бушнел, халабони ҷавони Амрикое, дар эътироз ба ҳимояти Кохи Сифед аз наслкушии ошкори мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза аз суи режими Исроил дар иқдомии эътирози пас аз забти тасовири видеои, худро муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар Вашингтон ба оташ кашид .

Режими Исроил аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидиро дар борӣкаи ғаззаи зиди мардум бедифоу мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта аст .

Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунун афзун бар 41 ҳазор фаластинии шаҳид ва беш аз 96 ҳазор нафар низ маҷруҳ шудаанд дар ҳоле ки режими саҳюнистӣ баъд аз гузашти як сол аз ҳамла ба Ғазза, натавониста аз ҷанги фарсоиши дар ин борика пируз хориҷ шавад, ҳамлоташро алайҳи Лубнон аз 23 сентябр оғоз карда аст.

Режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англис ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷудияти он эълом шуд. Аз он замони тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифи барои наслкушии мардуми Фаластин ва тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шуда аст .

Шумории кишварҳо бо пешоҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳомиёни ҷаддии инҳилоли режими истиъмори Исроил ва бозгашти яҳудён ба кишварҳои аслии худашон ҳастанд.