Октябр 07, 2024 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ояндаи номутмаин ва бетаъаллуқи ҳувиятӣ; омили ташдиди муҳоҷирати маъкус аз Исроил
    Ояндаи номутмаин ва бетаъаллуқи ҳувиятӣ; омили ташдиди муҳоҷирати маъкус аз Исроил

Порси тудеӣ-натоиҷи як пажуҳиши анҷомшуда дар арозии ишғолӣ аз ташдиди муҳоҷирати маъкус дар ин минтақа ҳикоят дорад.

Натоиҷи назарсанҷии суратгирифта аз суи пажуҳишкадаи саҳюнистӣ "Қантор" баёнгар он аст ки як чаҳоруми сокинони арозии ишғолии тайи як соли гузашта ба фикри тарки ин минтақа будаанд .

Ба гузориши Порс тудеӣ, дар ҳамин хусус шабакаи саҳюнистӣ "Кон" гузориш дод ки омори муҳоҷирати маъкус дар арозии ишғолӣ ба сурати возеҳ ҳатто қабл аз оғози амалиёти Туфонулақсо афзоиш ёфта ва теъдоди касоне ки арозии ишғолиро тарк мекунанд нисбат ба касоне ки ба ин минтақа муҳоҷират мекунанд тайи солҳои ахири пеши гирифта аст .

Рузномаи саҳюнистӣ “Ҳоортс“ низ рузи шанбе изъон кард ки 2190 саҳюнистӣ тайи моҳҳои гузашта аз арозии ишғолӣ фирор кардаанд. Дар идомаи ин гузориш омада аст, саҳюнистҳои мазкур қасди бозгашт ба арозии ишғолиро надоранд ва дар Ҳоланд мустақар шудаанд .

Аз замони оғози амалиёти Туфонулақсои алайҳи режими саҳюнистӣ тайи як соли гузаштаи омори муҳоҷирати маъкус аз арозии ишғолӣ ба шиддат афзоиш ёфта аст. Вихомати авзоъи иқтисодӣ ва набуди амният дар арозии ишғолӣ дар канори адами таъаллуқи ҳувиятӣ аз муҳимтарин далоили муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо аз ин минтақа аст; руйдоде ки боиси нигаронии мақомоти саҳюнист шуда аст.

Барчасп