Таҳлил: Шаҳодати Яҳё Синвор, расвоии саҳюнистҳо ва устура шудани Синвор
(last modified Sat, 19 Oct 2024 05:36:19 GMT )
Октябр 19, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Шаҳодати Яҳё Синвор, расвоии саҳюнистҳо ва устура шудани Синвор
    Таҳлил: Шаҳодати Яҳё Синвор, расвоии саҳюнистҳо ва устура шудани Синвор

Яҳё Синвор, Раҳбари ҲАМОС дар ҳоле тавассути саҳюнистҳо ба шаҳодат расид, ки ҳатто охарин лаҳзаро низ бо ин режим ҷанг кард то устураи фаластиниҳо лақаб бигирад.

Режими саҳюнистӣ дар яки дигар аз ҷиноятҳои худ алайҳи Ғазза , Яҳё Синвор Раҳбари ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( ҲАМОС )ро ба шаҳодат расондааст . Яҳё Синвор баъд аз террори Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии ҲАМОС , ҷойгузини вай шуда буд .

Синвор ҳамаи умри 62 солаи худро сарфи мубориза бо режими ишғолгари Қудс кард. Синвор 23 сол аз зиндагии худро дар зиндонҳои режим саҳюнистӣ гузаронад .

Хонааш дар ҷанги 2012 бомбаборон шуд ва дар соли 2015 низ дар феҳристи сиёҳи Вазорати хориҷаи Амрико қарор гирифт .

Синвор аз муддатҳо пеш дар садри феҳристи афроди таҳти таъқиби Исроил қарор дошт ва ахиран ки вай ба раёсати Дафтари сиёсии ҲАМОС интихоб шуд , ангезаи Исроил барои террори вай афзоиш ёфт .

Ожонсҳои амниятии Исроил ӯро тарроҳи барномарезӣ ва иҷрои ҳамалоти 7 октябр 2023 медонанд . Баъд аз амалиёти « Тӯфони Алақсо » номи Синвор борҳо тавассути теъдодӣ аз мақомҳои аршади режими Исроил аз ҷумла «Юов Галант » вазири дифо эълом шуд.

Режими саҳюнистӣ бо дурӯғҳои мутаъаддид талош карда буд аз Синвор эътиборзудоӣ кунад аз ҷумла инки муддаӣ шуда буд Синвор дар тунелҳо пинҳон шуда ва мардуми Ғаззаро қурбонӣ мекунад , Синвор усарои саҳюнистро гаравгон гирифтааст ва ё инки Синвор ба Миср фирор кардааст .

Иштибоҳи стротежики саҳюнистҳо дар интишори аксу филми чигунагии шаҳодати Синвор сабаби расвоии саҳюнистҳо ва торихӣ шудани Синвор шудааст .

Тасовире аз ба шаҳодат расондани Яҳё Синвор раҳбари ҷунбиши ҲАМОС ки бо либоси разм дар майдони набард ҳузур доштааст , ва ҳатто то лаҳзаи охир ҳам бо режим ҷангид , нишон дод киСинвор қаҳрамони мубориза бо режими саҳюнистӣ буд .

Як хабарнигори амрикоӣ бо интишори филми лаҳазоти охири муборизаи Яҳё Синвор навишт : « Исроил бо интишори тасовире аз охирин лаҳазоти Яҳё Синвор иштибоҳ кард.  Ӯ бо пӯшидани як чафиа ва ба шиддат маҷрӯҳ шуда , чӯбиро ба самти паҳподи филмбардорӣ аз ӯ партоб кард ки охирин иқдом дар мухолифат бо режими саҳюнистӣ буд . Дар марг ӯ ба як устура табдил шуд .»

Дар ҳоле ки саҳюнистҳо аз шаҳодати Синвор дар шӯр ва шаф ҳастанд ва иддао мекунанд, ки ҲАМОС нобӯд шудааст , аммо таърих собит мекунад ки на ҲАМОС ва на ҳеҷ як аз гуруҳҳои муқовимат бо шаҳодати раҳбаронашон на танҳо аз байн нахоҳанд рафт балки ҳатто қавитар хоҳанд шуд . Дар ҳамин росто ,Mostafa Barghosi дабири кули ҷунбиши ибтикори миллии Фаластин бо ишора ба рfшодатҳои Яҳё Синвор таъкид кард , маълум шуд ки Алсинвор дар тунелҳо махфӣ намешуд балки ин Нитонёҳу аст ки дар тунелҳо махфӣ мешуд .

Яҳё Синвор ҳатто дар охирин лаҳзаи зиндагии худ , Исроил ва Нитонёҳуро расво кард . Дабирикули ҷунбиши ибтикори миллии Фаластин афзӯд : Магар террори Аҳмади Ёсин ,Рантисӣ , Ҳания ва  Насруллоҳ муқовиматро мутаваққиф кард, ки шаҳодати Алсинвор муқовиматро мутаваққиф кунад ? Мушкили Исроилиҳо ин аст ки фаҳмӣ аз мавзӯъи  шаҳодат надоранд ва намедонанд ниҳояти орзӯӣ ҳар фармондиҳи шаҳодат аст .

Босам Наим , яке аз мақомоти аршади ҲАМОС  низ гуфт аз даст додани афроди маҳбӯб , ба вижа шахсиятӣ мисли Яҳё Алсинвор бисёр дарднокаст аммо чизе ки мо аз он мутмаин ҳастем , ин аст ки дар ниҳоят пирӯзем .