Аксе ки ҷаҳонро бедор накард
ParsToday. Интишори филму акс аз як духтарбачаи хурдсоли фаластинӣ дар ҳоли ҳамли хоҳари маҷрӯҳаш, агарчӣ дили озодагонро ба дард овард, аммо дунёи хуфтаро бедор накард.
Ҷанги Ғазза намоди ҷинояти режими саҳюнистӣ бо пуштибонии Амрикову шарикони дигараш дар ҳоле идома дорад, ки мошини ҷангии саҳюнистҳо ҳеҷ монеаро барои идомаи ҷиноятҳои худ намебинад.
Ба гузориши “Порс-тудей”, ба нақл аз “Тобнок”, дар рӯзҳои ахир тасовири як духтарбачаи овораи фаластинӣ, ки хоҳари маҷрӯҳи худро ҳамл мекунад ва беш аз 2 километр бо ӯ роҳ меравад то вайро ба бемористон бирасонад, дар фазои маҷозӣ пурбоздид шудааст.
Ин духтарбачаи фаластинӣ дар ҳолеи хоҳари маҷрӯҳашро ҳамл мекунад, ки бемористонҳо дар Ғазза вайрон шудаанд ва садои паҳподи исроилӣ дар осмон шунида мешавад. Ҳеҷ кас намедонад сарнавишти ин ду кӯдак чӣ шудааст.
Филму акси ин духтарбачаи фаластинӣ дар фазои маҷозӣ даст ба даст мечархад ва дилҳоро ба дард меоварад, аммо ҷинояткорони режими саҳюнистӣ бо ҳамдастии Амрико ва муттаҳидонаш ба ҷиноят идома медиҳанд.
Дар фазои маҷозӣ тасовири ин духтарбачаи хурдсоли фаластинӣ дар ҳоли ҳамли хоҳари маҷрӯҳаш бо аксе аз як писарбачаи ҷопонӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум мавриди муқоиса қарор гирифтааст. Писаре, ки хабардор истодаву лабашро бо дандон фишурдааст, бо чашмоне ки ингор тамоми рӯҳи як миллати шикастхӯрдаро дар худ хулоса кардааст.
Ҷо О Донелл (Joe O’Donnell), аккоси ин акс дар Наказаки аст.
Ӯ дар тӯли ҳафт моҳе ки аз сентябри 1945 оғоз шуд, ба саросари ғарби Ҷопон сафар кард, вайрониҳоро сабт карду вазъияти асафбори қурбониёни бомбаборон, аз ҷумла кушташудагон, маҷрӯҳон, бехонумонҳо ва ятимонро фош кард. Тасовири ранҷи инсонҳо, ҳам бар неготивҳои ӯ ва ҳам бар қалбаш нақш бастанд.
Ба гуфтаи Ҷо О Донелл, ин тасвир кӯдакеро нишон медиҳад, ки бародари мурдаи худро ҳамл мекунад. Ӯ дар сафе истода, ки ҷопониҳо азизони худро, ки аз дунё рафтаанд, барои тадфини суннатӣ (сӯзондану хокистар шудан) таҳвил медиҳанд.
Ба гуфтаи О Донелл, вақте навбати ин писар расид, мардоне ки бо москҳои сафед омада буданд, бесару садо бадани бародари мурдаи ӯро гирифтанд ва онро оташ заданд. Писари кучак саъй мекард бо газ гирифтани лаби зери худ гиряро маҳор кардаву қавӣ ба назар бирасад.
Бар асоси охирин оморҳои расмӣ, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз 7 октябри 2023 то кунун афзун бар 42 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 99 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.