Мухолифати уламои Алазҳар бо хутбаҳои супоришӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i1177-Мухолифати_уламои_Алазҳар_бо_хутбаҳои_супоришӣ
Уламои Донишгоҳи Алазҳар дар Миср бо тарҳи Вазорати авқофи ин кишвар, ки хондани хутбаҳои аз пеш навишта шударо дар намозҳои ҷумъа пешниҳод мекард, мухолифат карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2016 16:23 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати уламои Алазҳар бо хутбаҳои супоришӣ

Уламои Донишгоҳи Алазҳар дар Миср бо тарҳи Вазорати авқофи ин кишвар, ки хондани хутбаҳои аз пеш навишта шударо дар намозҳои ҷумъа пешниҳод мекард, мухолифат карданд.

Пойгоҳи хабарии Бавобалфаҷр имрӯз гузориш дод, пас аз мухолифати Аҳмад Алтайби Шайх Алазҳар бо тарҳи Вазорати авқофи Миср, шумори зиёде аз уламо, имомони ҷумъа ва воизони Алазҳар низ эълом карданд, ҳафтаи оянда дар мухолифат бо ин тарҳ тазоҳурот барпо мекунанд.

Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири авқофи Миср пешниҳод додааст, кумитае барои таҳия ва танзими хутбаҳоинамози ҷумъа ташкил ва хутбаҳои намози ҷумъа ба сурати мактуб ба имомони ҷумъа ирсол шавад, то онҳо ҳамон матни навишта шударо дар минбари намози ҷумъа қироат кунанд.

Бар асоси назарсанҷие, ки теъдоде аз хатибони Вазорати авқоф ва имомони ҷумъаи Миср анҷоми доданд, 85 дарсад аз имомони ҷумъаи Миср бо хутбаҳоиаз пеш навишта шуда мухолиф ҳастанд.

Пештар Шайх Абдулҳамид Алатраш, раиси собиқи Кумитаи фатвои Алазҳар гуфта буд, яксонсозии хутбаҳои намози ҷумъа муҷиби таҳқири уламои Миср ва фориғултаҳсилони Алазҳар аст.