Ҳизбуллоҳ чӣ гуна артиши Исроилро дар марзи Лубнон замингир кардааст?
(last modified Thu, 31 Oct 2024 13:27:08 GMT )
Октябр 31, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ чӣ гуна артиши Исроилро дар марзи Лубнон замингир кардааст?

Порс тудей - Омори мунташира аз талафоту хисороти сангини ворида бар артиши саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки тасаввуроти ин режим барои ишғоли муҷаддади ҷануби Лубнону эҷоди камарбанди амниятӣ дар он нақши бар об шуда ва шикасте ба маротиб бадтар аз ҷанги 33 рӯзи 2006 дар интизори он аст.

Утоқи амалиёти муқовимати Лубнон омори ҷадиде аз теъдоди амалиёту талафоти низомиёни артиши саҳюнистӣ аз замони оғози даргирии заминӣ дар навоҳии марзии Лубнон мунташир кард.

Ба гузориши Порс тудей, кушта шудани 90 низомии саҳюнисту захмӣ шудани 750 низомии дигар, инҳидоми 38 танк, 3 паҳпод ва як паҳпод «Ҳирмис 900», 4 булдозери низомӣ, як худрави ҳомер ва як худрави зиреҳӣ, ва як нафарбар, танҳо бахше аз талафоту хисороти ворида бар артиши саҳюнистӣ будааст.

Албатта ин омор шомили хисороти сангини режим дар пойгоҳҳо ва подгонҳо, шаҳракҳо ва шаҳрҳои ишғолӣ намешавад.

Пеш аз низ артиши режими саҳюнистӣ ба кушта шудани 73 низомии худ дар тайи фақат як моҳ изъон ва эълом карда буд, бештари ин афрод дар набардҳои ҷабҳаи шимолӣ кушта шудаанд. Бар асоси омори мунташир шудаи артиши ишғолгар, 88 низомии дигар низ дар тайи ду рӯз захмӣ шудаанд.

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ ҳам эълом кард, маҷмӯи захмиҳое, ки аз 15 октябри гузашта токунӯн дар бемористонҳои шимоли Фаластини ишғолӣ пазириш шудаанд, ба 784 нафар расидааст.

Yair Lapid, раҳбари оппозисюни режими саҳюнистӣ, аммо дар гуфтугӯ бо шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ дар ҷиҳати эъмоли фишор бар давлати Натаняҳу ва бо зери по гузоштани сензураи эъмол шуда аз суи артиш ва ниҳодҳои низомӣ аз як рози дигар хабар дод ва гуфт: “11 ҳазор низомӣ, захмӣ шуда ва 890 сарбоз кушта шудаанд. Вай афзуд: Агар ин кабина коре анҷом надиҳад, фардо теъдоде дигар аз низомиёни исроилӣ кушта мешаванд. Наметавонем бигуем, чунин иттифоқе наафтодааст. Наметавонем ин воқеиятро нодида бигирем. Оё метавонем бигӯем ҳама чиз тибқи хостаи мо аст.”

Расонаҳо ва фармондеҳони саҳюнист бо ишора ба вазъияти ошуфтаи онҳо дар ҷабҳаи шимолӣ, эълом карданд, ки ҳама ҳар рӯз субҳ бо садои ожир бедор мешавему Ҳизбуллоҳ хеле сареъ тавонист, қудрати худро эҳё кунаду ҷануби Лубнон табдил ба талаи марг барои низомиёни исроилӣ шудааст.

Эллон Петон, женероли захираи артиши режими саҳюнистӣ ва фармондеҳи собиқи неруи ҳавоии ин режим бо баёни инки Ҳизбуллоҳ қудрати мушакии аслии худро ҳифз карда, тасреҳ кард: Ҳизбуллоҳ мехоҳад Исроилро дар дохили як ҷанги фарсоишӣ ба шиддат хаста кунад ва бо ҳӯшмандӣ ин ҷангро мудирият мекунад, ба тавре, ки амокини мавриди ҳадафи Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин теъдоди мӯшакҳое, ки шиллик мекунад, комилан ҳисоб шудааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзҳои сахтеро бидуни раҳбари худ Сайидҳасан Насруллоҳ, сипарӣ карда ва бархе аз фармондеҳони аршади майдонии худро низ аз даст додааст, аммо дар ҳамин рӯзҳои сахт нишон дода, ки стротежиҳои калонро дар ғиёби раҳбарони худ ба сурати мунзабит паймегирад.

Ҳизбуллоҳ барои муқобилаи муассир бо ҳуҷуми заминии душман, ба таври умда аз тариқи ҳамалоти ракетӣ, мӯшаки зиреҳӣ ва мунфаҷир кардани анвоъи бомбҳо дар масири ҳаракати артиши режими саҳюнистӣ муваффақиятҳои зиёде касб кардааст ба унвони мисол дар бисёре аз мавоқеъ бо истифода аз амалиётҳои чирикӣ, душманро ғофилгир карда ва заработи сахтеро бар пайкараи он ворид намудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз дастури Ҳизбуллоҳ барои тахлияи 25 шаҳрак дар шимоли сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроил, мавҷи тозае аз оворагии саҳюнистҳо дар ин минтақа оғоз шуда, ки ба масобаи як силии бузург ба Натанҳу аст.

Шиллики мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ба ривол маъмули зиндагии рӯзонаи сокинони шимоли сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроил, табдил шуда ва домана ва шиддати ин ҳамалоти мушакӣ афзоиш ёфтааст. Ин раванд боис шудааст то ба ҷои бозгашти шаҳракнишинони саҳюнисти манотиқи шимолӣ ба хонаҳояшон, шумори бештаре аз онҳо ҳамзамон бо ба садо даромадани ожири хатар дар пайи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Ҳизбуллоҳ, вориди паноҳгоҳҳо шаванд.

Ҳазинаи сангине, ки артиши Исроил тақрибан ба сӯрати рӯзона дар марзи Лубнон мепардозаду изъон ба кушта шудани неруҳои бештар дар набардҳои тан ба тан бо размандагони Ҳизбуллоҳ, коршиносони саҳюнистро бар он доштааст то аз мақомоти исроилӣ бихоҳанд дар бораи арзёбиҳои худ аз тавони Ҳизбуллоҳу размандагони он воқеъбинтар бошанд ва ин нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ ҳамчунон тавонистааст қудрати боздорандагии худро ҳифз кунад ва дар айни ҳол артиши саҳюнистиро замингиру талафоти сангине бар он ворид кунад.