тафсир: Ваҳшат дар Тел-Авив: ҳамлаи Эрон кай анҷом хоҳад шуд?
(last modified Mon, 04 Nov 2024 14:01:00 GMT )
Ноябр 04, 2024 19:01 Asia/Dushanbe
  • тафсир: Ваҳшат дар Тел-Авив: ҳамлаи Эрон кай анҷом хоҳад шуд?

Порстудей-Рӯзномаи "Маъорив" рӯзи шанбе ба нақл аз "CNN" навишт: Эрон дар ҳоли барномарезӣ барои "посухи қотеъ ва дарднок" ба Исроил аст.

Режими саҳюнистӣ 26 октябр дар иқдоми танишзо, нуқоте аз марказҳои низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон зимни раҳгирӣ, тавонист муқобилаи муваффақ бо ин иқдоми таҷовузкоронаи режими Исроил дошта бошад.

 Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Форс, расонаҳои исроилӣ рӯзи шанбе навиштанд: Як масъули олирутбаи Исроил гуфтааст,ки Тел-Авив дар ҳоли думбол кардани раванди тасмимгирӣ дар Теҳрон аст, ки ин ҳамла оё анҷом хоҳад шуд ва дар сурати ҳамла, чӣ замоне ва аз куҷо хоҳад буд?.

 Расонаҳои исроилӣ ҳамчунин бо ишора ба суханони Раҳбари Инқилоби исломӣ дар бораи инки ҳар гуна иқдоми зидди миллати Эрон тавассути режими саҳюнистӣ ва Амрико бо посухи қатъӣ ва дандоншикан рӯбарӯ хоҳад шуд, ҳамлаи Эрон ба мавозеъи режими саҳюнистиро қатъӣ донистанд ва эълом карданд: Ин бор низ аҳдофи низомии режим, ҳадаф хоҳад буд.

 Бархе расонаҳои исроилӣ эҳтимол додаанд, ки посухи Эрон ба режими Исроил баъд аз интихоботи Амрико аст; Дар ҳоле, ки рӯзномаи "Маъорив" рӯзи шанбе ба нақл аз CNN навишт: Эрон дар ҳолb барномарезӣ барои "посухи қотеъ ва дарднок" аст ва "эҳтимолан қабл аз интихоботи Амрико ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамла хоҳад кард."

 Дар ҳамин ҳол манбаъҳои огоҳ дар Эрон тасдиқ кардаанд, ки амалиёти Ваъдаи содиқ-3 таркибӣ ва дар сифат ва миқдор камаш ду баробари амалиёти Ваъдаи содиқ-2 аст.

 Ба навиштаи рӯзномаи Алараби аҷ-Ҷадид, чопи Лондон, "амалиёти Ваъдаи содиқ-3, амалиёти таркибӣ[чандбуъдӣ] аст, ки фақат ба шиллики мушак мунҳасир(маҳдуд) намешавад."

 Бар асоси ин гузориш, мушакҳое, ки Эрон дар ҳамла ба сарзаминҳои ишғолӣ истифода хоҳад кард "кулоҳакҳои ҷангии бузургтар ва сангинтар аз мушакҳо дар ду амалиёти гузашта хоҳад дошт."