Эътирози коркунони “BBC” ба ҷонибдории ин шабака аз Исроил
Саҳоб - Беш аз 100 корманди бунгоҳи суханпарокании шабакаи телевизиюонии “BBC”, ин шабакаро ба ҷонибдорӣ аз режими саҳюнистӣ дар гузоришҳои марбӯт ба ҷанги Ғазза муттаҳам карданд.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, беш аз 100 корманди бунгоҳи суханпарокании шабакаи телевизионии BBC дар номае саргушода, Tim Davie, мудири кулли BBC-ро муттаҳам кардаанд, ки дар пӯшиши “одилона ва дақиқ”-и рӯйдодҳои Ғазза ва куштори фаластиниҳо кӯтоҳӣ кардааст.
Нависандагони ин номасаргушода дархостҳоеро матраҳ кардаанд, аз ҷумлаи инки “BBC” бояд дар гузоришҳои марбӯт ба ҷанги Ғазза, ба таърихи муноқишот миёни фаластиниҳо ва режими Исроил, пеш аз 7 октябри 2023 низ ишора кунад.
Ин нома, ки тавассути William Dalrymple, муаррихи англисӣ, Owen Jones, сутуннависи “Гордиян” ва Ризвона Ҳамид, мудири маркази назорат бар расонаҳо дар Шӯрои мусулмонони Британия ҳам имзо шудааст, ҳамчунин аз “BBC” мехоҳад номи Исроилро дар мақолаҳое, ки ин режими муртакиби ҷиноят шудааст, ба сароҳат зикр кунаду намояндагони кабина ва артиши режими саҳюнистиро дар тамоми мусоҳибаҳо ба чолиш бикашад.
Дар ин нома омадааст: Ҳар гузориши телевизионӣ, мақола ва мусоҳибаи радиоӣ, ки натавонад иддаоҳои Исроилро ба чолиш бикашад, ба таври систематӣ ҳуқуқи инсонии фаластиниҳоро зери суол мебарад.
Интишори ин нома нишондиҳандаи ихтилофи амиқ миёни мудирону баданаи коркунони ин расонаи вобаста ба давлати Британия аст.
Мақари ин шабака дар Лондон ҳам яке аз нуқоте аст, ки ҳомиёни Фаластин дар як соли гузашта борҳо бо баргузории таҷаммуъ муқобили он, нисбат ба ҷонибдории ин шабака аз режими Исроил эътироз кардаанд.