Вокуниши расонаҳои эронӣ ба ҳимояти Олмон аз як террорист
(last modified Sun, 03 Nov 2024 07:34:18 GMT )
Ноябр 03, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши расонаҳои эронӣ ба ҳимояти Олмон аз як террорист

Порс тудей - Пас аз солҳо шарорату ҷиноятҳои гурӯҳаки муздур ва террористии “Тундар” зидди мардуми Эрон, ҳукми эъдоми  Ҷамшеди Шормаҳд, саркардаи ин гурӯҳаки террористӣ, ки тобеияти Олмон дошт, пас аз тайи риволи қонӯнӣ ва таъйиди ниҳои раъйи додгоҳ дар Девони олии Эрон, 28 октябр иҷро шуд.

Ба гузориши Порс тудей, эъдоми ин террорист ва барошуфтани Олмон, вокунишҳои густардае дар расонаҳои эронӣ дошт, ки дар идома мехонед:

Ҳидоятгарони ғарбӣ ва гурӯҳакҳои террористӣ

Хабаргузории Тасним дар матлабе дар бораи эъдоми Шормаҳд навишт, иқдоми Эрон ба мазоқи ҳидоятгарони ғарбии гурӯҳакҳои террористии минтақа хуш наомад, ба ҳамин далел низ билофосила вазорати умури хориҷаи Олмон эълом кард, дар эътироз ба эъдоми Ҷамшед Шормаҳд, зиндонии эронӣ- олмонӣ, сафири худро ба Берлин фаро хондааст.

Сафорати Олмон дар Эрон, консулгарии Исроил аст; бояд таътил шавад

Ҳусайни Шариатмадорӣ, мудири масъули рӯзномаи “Кайҳон” дар ёддоште бо унвони “сафорати Олмон ё консулгарии Исроил?!” навишт: Бо асноди ғайриқобили инкоре, ки аз ҳувияти саҳюнистии давлати Олмон вуҷӯд дорад, ё камтарини тардиде боқӣ мемонад, ки сафорати Олмон дар Эрон, консулгарии Исроил аст ва бояд таътил шавад?!

Вай дар идома навишт: Оё иҷозаи идомаи ҳузури сафиру сафорати Олмон дар Эрон ба маъно ва мафҳуми иҷозаи гушоиши консулгарӣ ба режими саҳюнистӣ нест?

Барошуфтани ғарбиҳо аз эъдоми як террорист дар Эрон

Рӯзномаи “Сиёсати рӯз” дар матлабе таҳти унвони “Ғарб ва дурӯғи бузурге ба номи ҳуқуқи башар” навишт: Дар шароите, ки пас аз тайи риволи қонӯнӣ ва таъйиди ниҳои раъйи додгоҳ дар Девони олии Эрон, ҳукми эъдоми саркардаи гурӯҳаки террористии Тундар ба иҷро даромад, кишварҳои ғарбӣ ва террористҳои таҳти ҳимояти онҳо ашкрезон ба маҳкӯмсозии эъдоми ин террорист пардохтанд то бори дигар моҳияти зидди эронӣ ва зидди башарии худро бар ҳамагон ошкор созанд.

Дифои Аврупо аз як террорист омили таниш

Рӯзномаи “Эрон” ба нақл аз Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба эътирози Ғарб ба эъдоми саркардаи гурӯҳаки террористии “Тундар” навишт: Чашм бастани Аврупо бар наслкушии Исроил дар Фаластини ишғолӣ ва эътироз ба эъдоми як террорист сабаби боло гирифтани ҷидоли дипломатии Теҳрон ва бархе пойтахтҳои аврупоӣ шуд.

Бо суръат рафтани давлати Олмон дар ҳимоят аз террористҳо

Хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА) ба нақл аз Сайдаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи пешини вазорати умури хориҷаи Эрон навишт: Тасмими давлати Олмон дар таътилии консулгариҳои Эрон дар пайи эъдоми саркардаи гурӯҳаки террористи “Тундар”, аслан ҷои тааҷҷуб надорад, чун давлати Олмон ин рӯзҳо дар ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии режими Исроилу тахриби тадриҷии равобити решадору таърихии худ бо Эрон гӯи сабқат гирифтааст.