Ҳушдори СММ дар хусуси куштори занон ва кӯдакон дар Ғазза
Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар хусуси куштори занон ва кӯдакон дар борикаи Ғазза аз тарафи режими саҳюнистӣ ҳушдор дод.
Дар ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун беш аз 43 ҳазор фаластинии шаҳид ва беш аз 102 ҳазор нафар дигар захмӣ шуданд, ки бештарашон кӯдакон ва занон ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари ҳуқуқи башари СММ эълом кард , ҳудуди 70 дарсад аз қурбониёни ҷанги Ғаззаро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.
Бар асоси ин гузориш ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза ба вуқӯъи фоҷеаи инсонии бесобиқае шудааст, ки дар натиҷаи он беш аз 85 дарсад аз сокинони ин борика баробар бо ҳудуди 1/9 миллион тан овора шудаанд.
Раиси як созмони ғайридавлатии Норвегия низ пештар эълом кард, ҳамлаҳои беравияи режими саҳюнистӣ ба кӯдакон ва занони Фаластин ошкоро аз намунаи ҷиноёти ҷангии ин режим аст.