Таҳлил/Режими саҳюнистӣ дар пайи маҳви ҳувияти фаластинӣ
-
Таҳлил/Режими саҳюнистӣ дар пайи маҳви ҳувияти фаластинӣ
Комиссари кулли ожонси имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ гуфт: Исроил бо ҷилавгирӣ аз фаъолияти UNRWА мехоҳад ҳувияти оворагони фаластиниро маҳв кунад.
Наслкӯшии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза вориди чаҳордаҳумин моҳ шудааст тайи ин муддат, бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин 43 ҳазору 736 нафар шаҳид шудаанд ва теъдоди захмиҳо низ ба 103 ҳазору 370 нафар расидааст.
Аловабарин режими саҳбнистӣ тамоми зерсохтҳоеро, ки дар Борикаи Ғазза аз байн бурда ва амалан шароити зиндагиро дар Борикаи Ғазза ғайри мумкин кардааст. Режими саҳюнистӣ ҳамчунин кучи иҷбории марндум аз Борикаи Ғазза ва бахшҳое аз Каронаи Бохтариро пайгирӣ мекунад ва ахиран низ вазири дороии ин режим эълом кард, ки бо пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзӯъи ҳокимияти Исроил бар Каронаи Бохтариро пайгирӣ хоҳанд кард.
Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки асосан режими саҳюнистӣ поксозии қавмӣ дар сарзаминҳои мутаалиқ ба фаластиниёнро пайгирӣ мекунад ва дарсадад аст ҳувияти фаластиниёнро ба таври кулли дар сарзамине, ки мутаалиқи фаластиниён аст аз байн бибарад.
Дар идомаи иқдомоти марбӯт ба маҳви ҳувияти фаластинӣ , порлумони режими саҳюнистӣ ( кунаст ) ахиран бо тасвиби лоиҳае , кумакрасонӣ ба фаластиниҳо тавассути Созмони имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ ( UNRWA ) вобаста ба Созмони Милалро мамнӯъ кард . Ин дар ҳоле аст ки UNRWA аз бузургтарин созмонҳои имдодрасонӣ дар Борика Ғазза аст, ки ҳудӯди 13 ҳазор корманди ин ожонс дар замони вуқуъи ҷанги Ғазза дар ҳоли фаъолият буданд. UNRWA илова бар тавзеъи маводи ғизоӣ , омӯзиш ва хадамоти аслии пизишкиро дар Борикаи Ғазза фароҳам мекунад ва дар ҳоли ҳозир се ҳазор нафар аз кормандони ин ожонс ҳамчунон ба фаъолияти худ идома медиҳанд . Иқдоми хасмонаи порлумони режими саҳюнистии алайҳи UNRWA дар имтидоди маҳви ҳувияти фаластинӣ аз сарзамини фаластиниён қарор дорад .
«Филип Лозорин» комиссари кулли ожонси UNRWA Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ ( UNRWA ) бо ишора ба қонӯни режими саҳюнистӣ дар хусӯси мамнӯъияти фаъолияти ин ожонс гуфт : UNRWA бояд ба анҷоми корҳои ҳаётии худ дар ростои маъмурияте, ки тавассути маҷмаъи умумии Созмони Милали тасвиб шудааст , идома диҳад . Лозорини бо баёни инки масъӯляти UNRWA ироаи хадамот ба оворагони мазлӯм Фаластин аст , гуфт : Режими наслкуши исроилӣ созмонҳо ва ниҳодҳои ҳомии мардуми мазлӯми Фаластин дар сарзаминҳои ишғолиро ба тадриҷ ҳазф мекунад .
Дар воқеъ режими ишғолгари Қудс аз тариқи ишғолгарӣ ва тасоҳуби сарзамини Фаластин ва маҷбур кардани мардуми Фаластин ба кӯчи иҷборӣ аз ватан ва аз манозилашон дарсадади ташдиди яҳудисозӣ ва ҳамчунин аз байи бурдани ҳувияти фаластинӣ аст . Бар ҳамин асос токунӯн таҳлилгарону мақомоти мутаъаддиде унвон карданд наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ҷинояти ҳувиятӣ аст ки режими саҳюнистӣ барои ҳифзи мавҷӯдияти худ сай дорад ҳувият ва мавҷӯдияти фаластиниро дар сарзамини Фаластин аз байн бибарад .
Абдул-Малик ал-Ҳусӣ дабири кулли Ансоруллоҳи Яман аз ҷумлаи мақомоте аст, ки ба ҷанги ҳувияти таъкид дорад. Вай унвон кард ҷанги наслкӯши дар Навори Ғазза дар идомаи шеваҳои душман барои нобудии ҳувияти фаластинӣ ва кӯчондани иҷбории фаластиниҳо аст.