Тафсир - Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ва рӯзҳои ғамбори кӯдакони Ғазза ва Лубнон
Саҳоб -Рӯзи ҷаҳонии кӯдак дар ҳоле баргузор мешавад, ки куштори кӯдакон дар Ғазза ва Лубнон тавассути режими саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад, мавзӯе, ки нигаронии ЮНИСЕФ-ро низ барангехтааст.
Ҷеймс Элдер, сухангӯи ЮНИСЕФ (Ожонси кӯдакони милали муттаҳид) дар суханоне хитоб ба ҷаҳониён гуфт: Кушта шудани кӯдакон дар Ғазза ва Лубнон ба як амри оддӣ табдил шуда, ки ин одисозии хатарнок аст.
Вай эълом кард, тайи ду моҳи гузашта беш аз 200 кӯдак дар Лубнон кушта ва ҳазору 100 кӯдак маҷрӯҳ шудаанд, ин дар ҳоле аст, ки ба назар мерасад дар куштори кӯдакон, як улгӯи нигаронкунанда ба номи одисозӣ эҷод шудааст.
Аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн, беш аз 15 ҳазор кӯдаки фаластинӣ шаҳид ва ҳазорон тан захмӣ шуданд. Бисёре аз кӯдакон дар манотиқи мухталифи Ғазза низ дар маърази марги ношӣ аз гуруснагӣ ҳастанд. Бино бар оморҳои мунташир шуда наздик ба 4 ҳазор кӯдаки фаластинӣ бар асари гуруснагӣ ҷон бохтаанд ва теъдоди бешуморе низ ба иллати гуруснагӣ, беморӣ ва оворагӣ ва камбуди мояҳтоҷи аввалия дар маърази хатар ҳастанд.
Созмон милал мегуяд, ҳамалоти Исроил, Ғаззаро дар як соли ҷанг ба “гуристон”-и кӯдакон табдил кардааст, ин дар ҳоле аст, ки ба назар мерасад марги кӯдакони Ғазза дигари афкори умумиро мунқалиб намекунад ва ҳатто такрори интишори тасовири ин кӯдакон дар расонаҳо низ сабаби одисозии ин фоҷеъа шудааст.
Куштори кӯдакони фаластинӣ дар ҳол еаст, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ки Исроил низ онро имзо кардааст, расман ва ба сароҳат бар ҳаққи зотии зиндагии кӯдакон таъкид карда ва дар модае аз он низ ба ҷилавгирӣ дар хушунату дастрасӣ ба имконоти аввалияи зиндагӣ барои кӯдакон таъкид шудааст. Бо ин ҳол, на танҳо ин Конвенсия дар ҷанги Ғазза риоят намешавад, балки сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занону кӯдакони фаластинӣ тавассути режими саҳюнистӣ шудааст.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии кӯдак дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: 19 ноябр, Рӯзи ҷаҳонии кӯдак, ёдовари ҳаққи ҳамаи бачаҳо барои зиндагӣ дар сулҳ ва амният аст. Ба рағми ҳамаи қавонини байналмилалӣ, аммо кӯдакони Ғазза ва Лубнон на танҳо дар ҷанги Ғазза ҷон медиҳанд, балки ҳатто онон ки зиндаанд дар руъбу ваҳшати ҷанг, бепаноҳ ва бехонумон ва бидуни дору ва беҳдошт зиндагӣ мекунанд.
Бозтоби шаҳодати кӯдакон ва шароити зиндагии ҳазорон кӯдакони Ғазза дар расонаҳои мухталиф низ токунӯн натавонистааст бисёре аз давлатҳоро алайҳи зулму ситаме, ки ба ин кӯдакон шуда басиҷ кунад. Чунон ки кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон ба ҳимоятҳои худ аз Исроил идома медиҳанд.
Анас Ал Шариф, рӯзноманигор фаластинӣ, тасовире аз кӯдаконе, ки бар асари гуруснагӣ дар шарқи Ғазза ҷони худро аз даст додаанд, забт кардааст. Вай чанде пеш дар тавсифи вазъияти мадрасае, ки тавассути Исроил бомбаборон шуда, дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Вақте ба маҳали қатли ом расидам, баёнам мутаваққиф шуду қудрату тавоноии худро барои ҳарф задан аз даст додам. Аз ҳаҷми аъзои бадан ва хуне, ки имрӯз дидам хаста ва пур аз дард ҳастам.
Рӯзномаи англисии “Гордиан” низ дар ин замина менависад: Гузоришҳое аз пизишкон дар Ғазза дарёфт карда, ки нишон медиҳад, бар хилофи иддаоҳои артиши режими саҳюнистӣ, тактирандозҳо ва паҳподҳои ин режим ба сурати «мустақим» кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳад. 19 октябри Рӯзи ҷаҳонии кӯдак акнӯн дар ҳоле дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ки кӯдакони Ғазза на танҳо саҳме дар ҷашн надоранд, балки ҳатто ранҷи онҳо низ гуё барои бисёре аз расонаҳои ғарбӣ одӣ шудааст, мавзуе, ки мақомоти ЮНИСЕФ-ро низ нигарон кардааст.
Воқеият ин аст, ки куштору шиканҷаи кӯдакони бегуноҳи фаластинӣ, захмҳои амиқе бар виҷдони башарият эҷод кардааст, замони он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муртакибони ҷиноёти зидди кӯдакони фаластинӣ поён диҳад.