Режими саҳюнистӣ ночор ба пазириши оташбас
Саранҷом пас аз 14 моҳи ҷангу даргирӣ байни режими саҳюнистӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе оташбаси 60 рӯза байни ду тараф барқарор шуд.
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, аз таваққуфи таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон истиқбол ва бар ҳимояти қотеи Ҷумҳурии исломии Эрон аз давлат, миллат ва муқовимати Лубнон таъкид кард.
Муҳамад Раъд, раиси фраксиюни Ҳизбуллоҳ дар порлумони Лубнон низ гуфт, ин ҳизб пазирои ҳар формулае аст, ки битавонад кишварро дар баробари таҳдидоту хатароти вуҷудии душман ҳифз кунад.
Ин оташбас дар шароите иҷро шудааст, ки режими саҳюнистӣ бо вуҷуди моҳҳо ҳамалоти густардаи ҳавоиву заминӣ натавонист бар неруи муқовимати исломии Лубнон пирӯз ва монеъ аз ҳамалоти ракетиву мушакӣ ба умқи арозии ишғолӣ шавад.
Ба ҳамин далел, эъломи оташбас бо вокуниши манфии бештари сиёсатмадорони саҳюнист мунҷар шудааст ва мухолифони Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бар ин мавзуъ эътироф кардаанд, ки пазириши ин оташбас нишондиҳандаи шикасти комили артиши ин режим муқобили Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.
Яир Лапид, раҳбари мухолифони кабинаи Натанёҳу дар твитте навишт: Кабина маҷбур ба пазириши оташбас бо Ҳизбуллоҳ шуд ва Натанёҳу дар табдили дастовардҳои низомӣ ба пирӯзии сиёсӣ шикаст хӯрд.
Нафтали Беннет, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ низ тавофуқи оташбасро шикасте тамомайёр дар ҳавзаи дипломатия ва амният барои Натанёҳу донист.
Натиҷаи назарсанҷии шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ низ нишон медиҳад, ки 61 дарсади сокинони арозии ишғолӣ муътақиданд, артиши ин режим пирӯз нашудааст.
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардум бедифоъу мазлуми Фаластин ба роҳ андохт. Пас аз он низ ба ҷануби Лубнон ҳамла карду шумори зиёде аз ғайринизомиёнро ба хоку хун кашид.
Сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгар, мӯҷиби идомаи иқдомоти ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар куштори занону кӯдакони фаластинӣ ва лубнонӣ шуд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар муқобили ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар ва навори Ғазза сукут накарду амалиёти зиёде алайҳи мавозеъу шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолиро дар дастури кор қарор дод, ки то бомдоди чаҳоршанбе ва пеш аз иҷро шудани оташбас идома дошт. Ҳамин мавзуъ ба хубӣ нишон дод, ки ба рағми иддаои мақомоти саҳюнист, Ҳизбуллоҳ ҳамчунон аз тавони лозим барои идомаи набард бо ишғолгарони саҳюнист бархӯрдор аст.
Аз сӯи дигар, Исроил дар шароите маҷбур ба пазириши оташбас шуд, ки раванди ҳавзаи сиёсати дохилии режими саҳюнистӣ низ ҳар чӣ бештар дар ҳоли буҳронӣ шудан буд ва дар айни ҳол аҳдофи кабинаи Натанёҳу дар Ғазза ҳам муҳаққақ нашудааст. Бинобарин Натанёҳу оташбас дар Лубнонро фурсате сиёсӣ ва амниятӣ барои коҳиши буҳронҳои дохиливу хориҷии Исроил талаққӣ кардааст.
Ба гуфтаи Абдулбори Атҷон, таҳлилгари ҷаҳони араб, як далели пазируфтани оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ, фалаҷ шудани зиндагӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ва шаҳрҳои Алҷалили ғарбӣ, шомили Ако, Ҳейфо, Наҳориё ва Сафад ба иллати ҳаҷми болои ҳамлаи мушакӣ ва паҳподҳои интиҳории Ҳизбуллоҳ аст. Атҷон навишт: Агар Натанёҳу ба оташбас тан надиҳад, марги иқтисоди Исроил ҳатмӣ аст.