Август 02, 2016 17:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 800 террорист дар Ҳалаби Сурия

Артиши Сурия ва нерӯи ҳавоии Русия 800 террористро дар Ҳалаб ба ҳалокат расонданд.

Ба иттилои Presstv, генерал Сергей Рудской, раиси амалиёти муштараки ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом кард, ки артиши Сурия бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Русия, ҳамлаи террористҳоро ба шаҳри Ҳалаб дафъ кард ва беш аз 800 нафар аз ононро ба ҳалокат расонд.

Генерал Рудской гуфт, панҷ ҳазор террорист рӯзи якшанбе қасди шикастани муҳосираи шаҳри Ҳалабро доштанд, ки ин ҳамла бо амалиёти муштараки Сурия ва Русия ноком монд ва террористҳо 14 фарванд танк, 10 мошини зиреҳӣ ва беш аз 60 мошини боркаши махсуси ҳамли силоҳи худро низ аз даст доданд.

Ба гуфтаи раиси амалиёти муштараки ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Ҷибҳа-Алнусра ин ҳамалотро раҳбарӣ мекард.

Рудской ҳамчунин гуфт, токунун 324 нафар аз шаҳрвандон ва ғайринизомиёни сокини бахшҳои таҳти крнтроли террористҳо дар Ҳалаб аз тариқи гузаргоҳҳоиамне, ки давлати Сурия аз панҷшанбеи гузашта барои онон эҷод кардааст, аз ин шаҳр хориҷ шудаанд.

Раиси амалиёти муштараки ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамчунин афзуд, 82 нафар аз террористҳо низ таслими нерӯҳои давлатӣ шудаанд.