Вокуниши корбарони маҷозӣ ба истифодаи тасовири ҷаълӣ барои зиндониҳои Сурия
(last modified Thu, 19 Dec 2024 07:09:34 GMT )
Декабр 19, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши корбарони маҷозӣ ба истифодаи тасовири ҷаълӣ барои зиндониҳои Сурия
    Вокуниши корбарони маҷозӣ ба истифодаи тасовири ҷаълӣ барои зиндониҳои Сурия

Порс Тудей-Корбарони шабакаи иҷтимоӣ ба интишори тасвири ҷаълӣ дар бораи зиндонҳои Сурия вокуниш нишон доданд.

Дар пайи суқути давлати Сурия ва ворид шудани бархе аз хабарнигорон ва шаҳрвандони сурӣ ба дохили фазои зиндонҳои ин кишвар, бозори шойеъот гарм шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз пойгоҳҳои ҳақиқатёб дар ин миён тасовири ҷаълӣ ва тавлид шудаи зиёди тавассути ҳуши маснуъӣ ба давлати « Башшор Асад » нисбат дода шуд .

« Носири Хокбоз » корбари шабакаи иҷтимои Экс бо ифшои як видиои ҷаълӣ аз озодии як зиндонӣ сурӣ навишт : “ Дар ин замона ки ҳар касе метавонад бо истифода аз ҳуши маснӯъи тавлиди шойеъа кунад дигар намешавад ба ҳеҷ чиз эътимод кард . Хусусан дар замонҳои буҳронӣ ! “

« Сайидали Мӯсавӣ » дигар корбари шабакаи иҷтимоӣ “ Экс “ низ навишт : “ тасовири воқеии зиндони Седная дар Сурия мунташир шуда аммо иддае бо интишори тасовири ҷаълӣ ба дунболи лайк  ва тавваҷуҳи бештар ҳастанд ! “

Корбари дигарӣ ба номи Hamed низ бо боргузории видиои ҷаълӣ навишт : “ марде, ки видиои озодияш аз зиндони “ Седная “ Сурия дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ пурбоздид шуд инфлуенсери Тик Ток буд . “