Шурӯи сиёсати яксадоӣ дар Сурия
(last modified Mon, 30 Dec 2024 05:15:17 GMT )
Декабр 30, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Шурӯи сиёсати яксадоӣ дар Сурия

Порс тудей - Бо оғози мавҷи барканории масулони алавӣ дар вазоратхонаҳои Сурия, ваъдаҳои Ал Ҷавлонӣ мабнӣ бар канор нагузоштани ҳеҷ қишре аз ҷомеъаи ин кишвар дурӯғ аз об даромад.

Ҳайати ҳокимаи ҷадиди Сурия ба саркардагии Абу Муҳаммад Ал Ҷувлонӣ, ки пештар муддаӣ шуда буд ба дунболи канор гузоштани ҳеҷ гуруҳу қишре дар ин кишвар нест, инак феҳрасти ҷадид муташаккил аз асомии 34 масъули ин кишвар содир карда, ки ба далели навъи гароишоти мазҳабӣ канор гузошта мешаванд.

Ба гузориши Порс тудей, манобеи сурӣ эълом карданд, Ал Ҷулонӣ ва аносури таҳти амри ӯ дар ҳоли пиёда кардани сиёсати холӣ кардани ниҳодҳои давлатӣ аз ҳар гуна масъӯли алавӣ ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, сиёсати Ал Ҷувлонӣ, саркардаи гурӯҳаки террористии «Ҳайат Таҳрир аш Шом», ғайриаланӣ ва пинҳон иҷро мешавад.

Манобеи сурӣ пештар бо эъломи инки 90 дарсад аз ҳақоиқ дар ин кишвар дар расонаҳои ҷамъӣ мунташир намешавад, эълом карданд, таҷовузот алайҳи ақаллиятҳо дар Сурия бавижа манотиқи соҳилӣ аз сӯи аносури терруристӣ ташдид шудааст. Дар ҳамин хусӯс хабаргузории “Меҳр” ба нақл аз “Ал Маълума” эълом кард: Ҳар 10 дақиқа як ҳамла барои рабоиш, террор ё ғорат дар Сурия сӯрат мегирад. Токунӯн чандин таҷаммуъи эътирозомез дар ин кишвар баргузор шуда ва баназар мерасад, хашми мардумӣ дар Сурия тайи рӯзҳои оянда дар сояи таҷовузоти аносури Ал Ҷавлонӣ ташдид шавад.