Матни санади тавофуқи оташбас байни Ҳамос ва режими Исроил
(last modified Thu, 16 Jan 2025 08:53:08 GMT )
Январ 16, 2025 13:53 Asia/Dushanbe
  • Матни санади тавофуқи оташбас байни Ҳамос ва режими Исроил

Порс тудей - Тавофуқи чаҳоршанбешаб режими Исроилу Ҳамос барои оташбас ва табодули усаро шомили се марҳала бо ҳадафи поён додан ба ҷанг дар Ғазза аст.

Режими саҳюнистӣ саранҷом ва пас аз яксолу се моҳ ҷангафрӯзии ваҳшиёна ва нотавонӣ дар расидан ба аҳдофи худ, яъне озодии низомиёни асири худ аз тариқи мудохилаи заминӣ, ҳазфи муқовимати мардумии Ҳамос ва аз миёнбардоштани тавони низомии Борикаи Ғазза дар истифода аз ракет, чаҳоршанбешаб ба тавофуқи оташбас бо Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин( Ҳамос) тан дод.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ал Олам, ин тавофуқ шомили се марҳала аст ва аз рӯзи якшанбе (19 январ) иҷро хоҳад шуд. Матни ин тавофуқ бо унвони «усӯли куллии мувофиқатнома байни тарафайни исроилӣ ва фаластинӣ дар Ғазза дар мавриди табодули усаро ва барқарории оташбаси пойдор» ба шарҳ зер аст:

Ҳамаи усарои исроилӣ, аъам аз зинда ва мурда, ки тавассути муқовимат асир шудаанд, озод мешаванд ва дар муқобил режими Исроил бо озодии теъдоде аз асирони фаластинӣ, ки дар мавриди онҳо тавофуқ мешавад, мувофиқат кард.

Мубодила дар рӯзи оташбас, рӯзе, ки дар тавофуқнома ба унвони «рӯзи аввал» мушаххас шудааст, оғоз хоҳад шуд.

Режими Исроилу Ҳамос дар ин санад бар омогии оташбасе, ки ба чаҳор ҳадаф, “оташбаси доимӣ”, “хурӯҷи неруҳои исроилӣ аз Борикаи Ғазза”, “бозсозии Ғазза” ва “ бозгушоии гузаргоҳҳо ва тасҳили ҳаракати ашхосу ҳамлу нақли коло” мунҷар мешавад, тавофуқ карданд.

Мафоди тавофуқи тибқи се марҳала ба шарҳи зер аст:

Марҳалаи аввал (42 рӯз):

Таваққуфи муваққати амалиёти низомии ду тараф ва ақибнишинии артиши Исроил ба самти шарқ аз “манотиқи пурҷамъият дар имтидоди марз дар тамоми манотиқи Борикаи Ғазза, аз ҷумла водии Ғазза”.

Таваққуфи муваққати тараддуди ҳавоӣ (низомӣ ва назоратӣ) дар Борикаи Ғазза ба муддати 10 соат дар рӯз ва 12 соат дар рӯзҳое, ки дар онҳо мубодилаи усаро анҷом мешавад.

Бозгашти оворагон ба маҳали зиндагии худу хурӯҷ аз водии Ғазза.

Ва дар рӯзи ҳафтум (пас аз озодии ҳафт нафар аз асирони саҳюнист), неруҳои режими ишғолгари Исроил ба таври комил аз ҷодаи соҳилии Ал Рашид ба самти шарқ то ҷодаи Салоҳиддин ақибнишинӣ мекунанд.

Исроил мутааҳҳид шуд, ки пойгоҳҳо ва таъсисоти низомии худро дар ин минтақа ба таври комил аз байни бибараду бад-ин тартиб, бозгашти оворагон ба маҳали сукӯнат (бидуни ҳамли силаҳ) оғоз хоҳад шуд. Озодии рафту омади мардум дар тамомии манотиқи Борикаи Ғазза бидуни маҳдӯдият ва вуруди кумакҳои башардӯстона аз рӯзи аввал бидуни маҳдӯдият хоҳад буд.

Дар рӯзи бисту дуввум, неруҳои исроилӣ аз маркази Ғазза (бавижа меҳвари Netzarim дар шарқи ҷодаи Салоҳиддин то минтақаи воқеъ дар имтидоди марз) ақибнишинӣ, хоҳанд кард ва пойгоҳҳо ва таъсисоти низомӣ ба таври комил барчида мешаванд.

Аз рӯзи аввал, кумакҳои башардӯстона муҷоз хоҳад буд (600 камиюн дар рӯз аз ҷумла 50 камиюни сӯхт, ки 300 дастгоҳи он марбӯт ба шимоли Борикаи Ғазза аст). Ин шомили сӯхти мавриди ниёз барои роҳандозии нерӯгоҳи тавлиди барқу таҷҳизоти тиҷорӣ ва умронии мавриди ниёз барои оворбардорӣ ва бозсозӣ ва роҳандозии бемористон мешавад.

Табодули усаро:

Ҳамос 33 асири исроилиро озод хоҳад кард (занони ғайри низомӣ ва сарбоз), кӯдакони (зери 19 сол ва на сарбоз), бузургсолон (беш аз 50 сол), ғайринизомиёни бемору захмӣ.

Дар муқобил, режими саҳюнистӣ, теъдоде аз усарои фаластиниро озод хоҳад кард. Бо дар назар гирифтани листҳои ироа шуда тавассути Ҳамос бар асоси авлавияти дастгирии онҳо, режими Исроил ба изои ҳар зан ё кӯдаки озод шуда тавассути Ҳамос, 30 зану кӯдаки фаластиниро озод хоҳад кард.

Ҳамчунин бар асоси феҳристе, ки Ҳамос бар асоси авлавияти дастгирии онҳо ироа кардааст, ба изои озодии ҳар саҳюнисти солхурда ва мариз аз сӯи Ҳамос, Исроил 30 зиндонии бузургсолу бемор (ки то 15 сол аз асорати онҳо боқӣ мондааст)-ро озод мекунад.

Ба изои ҳар низомии зани озод шуда, Исроил 50 зиндонии фаластиниро озод мекунад (30 зиндонии дар ҳоли гузарондани ҳабси абад ва 20 нафари дигар дар ҳоли гузарондани муҷозотҳои то 15 сол зиндон).

Ин мавзӯ машмӯли феҳристҳое аст, ки Ҳамос ироа мекунад, ба ҷуз феҳристи мавриди тавофуқ. Теъдоди усарои фаластинӣ (ҳаддиақал 100 нафар), ки дар марҳалаи дувум мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Теъдоде аз онҳо озод шуда ва ба хориҷ ё Ғазза табъид хоҳанд шуд.

Механизми табодули усаро байни ду тараф дар марҳалаи аввал:

Ҳамос дар рӯзи аввал се ғайринизомии исроилӣ ва дар рӯзи ҳафтум чаҳор ғайринизомии дигарро озод хоҳад кард. Пас аз он, Ҳамос ҳар ҳафтрӯз се асири исроилиро озод хоҳад кард, ки аз занон шурӯ мешавад.

Тасмим гирифта шуд, ки тамомии усарои зиндаи исроилӣ пеш аз аҷсод озод шаванду Ҳамос дар ҳафтаи шашум дар изои озодии теъдоди тавофуқ шудаи усарои фаластинӣ дар зиндонҳои режими Исроил, тамомии усарои боқимонда дар ин марҳаларо озод хоҳад кард. Ин озодӣ ҳамзамон ва бар асоси листҳои ироа шуда аз сии Ҳамос анҷом мешавад.

То рӯзи ҳафтум, Ҳамос иттилооте дар бораи теъдоди усарои исроилӣ, ки дар ин марҳала озод хоҳанд шуд, ироа хоҳад кард.

Исроил дар ҳафтаи шашум (пас аз озодии Ҳишом Ал Сийд ва Афро Мангисто, ки ба маҷмӯи 33 асири исроилӣ мепайванданд), 47 зиндониро, ки муҷаддадан дастгир шудаанд, аз қарордоди Шолит (номи асири исроилӣ аст) озод мекунад.

Агар теъдоди усарои зиндаи исроилӣ, ки қарор аст дар ин марҳала озод шаванд ба 33 нафар нарасад, бо бозгардондани аҷсоди он дастаҳо, ин теъдод такмил мешавад ва дар муқобил, режими Исроил дар ҳафтаи шашум тамоми занону кӯдакон (зери 19 солу ғайриҷангҷӯ), ки пас аз 7 октябр дар Борикаи Ғазза дастгир шуда будандро озод мекунад.

Исроил мутаъаҳҳид шуд, ки фаластиниёни озод шударо ба ҳамин иттиҳомоти муҷаддадан боздошт накунаду мубодират ба бозгардондани усарои озод шудаи фаластинӣ барои гузарондани боқимондаи даврони маҳкӯмият нахоҳад кард.

Ҳамчунин тавофуқ шуд, ки фаластиниёни озод шуда мулзам ба имзои ҳеҷ санаде ба унвони шарти озодӣ набошанд.

Ду тараф тавофуқ карданд, ки гушоиши мубодилаи усарои фавқ ба унвони мабное барои гушоиши табодул дар марҳалаи дувуми муомила дар назар гирифта нашавад.

Ҳаддиаксар то рӯзи шонздаҳум, музокироти ғайримустақим байни ду тараф барои тавофуқ бар сари шароити иҷрои марҳалаи дувум бавижа мавориди марбӯт ба гушоиши табодули усаро оғоз хоҳад шуд.

Музокирот то поёни ҳафтаи панҷуми ин марҳала, такмил ва тавофуқ хоҳад шуд.

Созмони Милали Муттаҳид, ожонсҳои он ва соири созмонҳо ба ироаи хадамоти башардӯстона дар тамоми манотиқи Борикаи Ғазза идома хоҳанд дод.

Бозсозии зерсохтҳо дар саросари Ғазза ва овардани миқдори тавофуқ шудаи таҷҳизоти лозим барои дифои маданӣ (ниҳодҳои имдодрасон) оғоз шавад.

Тасҳили вуруди тадорукоту малзумот барои искони оворагоне, ки дар ҷанг хонаҳои худро аз даст додаанд. Ҳаддиақал 60 ҳазор корвон ва 200 ҳазор чодар ворид хоҳад шуд.

Пас аз озодии тамомии низомиёни зани исроилӣ, теъдоде аз маҷрӯҳони Ҳамос таъйин мешаванд то барои мудово ба гузаргоҳи Рафаҳ бираванд. Илова бар ин, теъдоди мусофирон, беморону маҷрӯҳон аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ афзоиш меёбаду маҳдӯдиятҳои сафар бардошта мешаваду тараддуди коло ва тиҷорат азсар гирифта мешавад.

Иттихози тадобиру барномаҳои лозим барои бозсозии ҳамаҷонибаи манозил, таъсисоти ғайринизомӣ ва зерсохтҳои ғайринизомии тахриб шуда дар тӯли ҷангу ҳимоят аз қурбониёни таҳти назорати теъдоде аз кишварҳо ва созмонҳо, аз ҷумлаи Миср, Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешавад.

Тамомии иқдомот дар ин марҳала, яъне оташбаси низомӣ то замоне, ки музокирот бар сари шароити иҷрои он идома дошта бошад, дар марҳалаи дувум низ идома хоҳад дошт .

Дар ин тавофуқнома тасреҳ шудааст, ки Қатар, Амрико ва Миср тамоми талоши худро барои итминон аз идомаи музокироти ғайримустақим то замоне, ки ду тараф битавонанд дар мавриди шароити иҷрои марҳалаи дувум ба тавофуқ барисанд, ба кор хоҳанд баст.

Марҳалаи дувум (42 рӯз) :

Оташбаси доимӣ (таваққуфи амалиёти низомӣ ва иқдомоти таҷовузкорона ба шакли муназзам), эълом ва қабл аз табодули усаро оғоз хоҳад шуд.

Дар ин тавофуқ омадааст: Мо дар инҷо дар бораи ҳамаи усарои исроилии зинда боқимонда суҳбат мекунем, дар изои озодии теъдоде аз усарои фаластинӣ дар Исроил. Дар ин марҳала хурӯҷи комили артиши Исроил аз Борикаи Ғазза анҷом хоҳад шуд.

Марҳалаи сеюм (42 рӯз):

Мубодилаи кулияи аҷсод байни ду тараф пас аз таъйини маҳалу шиносоии онҳо.

Иҷрои тарҳи бозсозии 3 то 5 солаи Борикаи Ғазза шомили маскан, таъсисоти шаҳрӣ, зерсохтҳои ғайринизомӣ ва ҳимоят аз қурбониёни таҳти назорати кишварҳо ва созмонҳо, аз ҷумлаи Миср, Қатару Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешавад. Бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ ва тасҳили тараддуди афрод ва колоҳо.

*Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз ҳафтуми октябри 2023 (15 меҳри 1402) ҷанги вайронгареро алайҳи Борикаи Ғазза оғоз кард, ки бар асари он, афзӯн бар вайрониҳои азим, беш аз 46 ҳазор фаластинӣ, ки бештари онҳо зан ва кӯдак буданд, шаҳиду дастикам 100 ҳазор фаластинии дигар захмӣ шуданд. Бо вуҷӯди ҳамаи ин ҷиноятҳо, режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки пас аз гузашти 467 рӯз ҷанги алайҳи сокинони Ғазза, натавониста ба аҳдофи худ дар ин ҷанг, яъне нобудии муқовимати Фаластину бозгардондани асирони саҳюнист аз Борикаи Ғазза даст ёбад.