Раиси ҳизби демократии Курдистони Ирок: Мулокот бо президенти Эрон оли буд
(last modified Sat, 25 Jan 2025 16:21:10 GMT )
Январ 25, 2025 21:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҳизби демократии Курдистони Ирок: Мулокот бо президенти Эрон оли буд
    Раиси ҳизби демократии Курдистони Ирок: Мулокот бо президенти Эрон оли буд

Порс тудеӣ-раиси Ҳизби демократи Курдистони Ироқ дар мусоҳиба бо як расонаи арабизабон таҳаввулоти ахир дар минтақа, бахусус равобити Эрону Ироқ ва сафари раисиҷумҳури Эрон ба Курдистони Ироқро баррасӣ кард.

Масъуди Барзонӣ, раиси Ҳизби Демократи Курдистони Ироқ дар мусоҳиба бо шабакаи арабизабони "Шамс" дар бораи шакли равобити Бағдод ва Теҳрон дар оянда гуфт: "Муносибатҳо бар пояи эҳтироми мутақобила ва манофеъи мутақобил аст, манфиатхо ва дахолат кардан ба корхои дохилии ягон мамлакат нест". Ба гузориши Порс тудеӣ, Масъуди Барзонӣ афзуд: Эрон кишварест, ки ҳазор километр ё бештар аз он бо Ироқ ҳаммарз аст, бо мо таърих ва муштаракоти зиёде дорад ва як кишвари муҳим дар минтақа аст.

Барзонӣ бо ишора ба дидори худ бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар ҷараёни сафараш ба Курдистони Ироқ низ гуфт: Мулоқоти мо оли буд раисиҷумҳури Эрон бо забони курдӣ гӯё забони модарии худ ҳарф мезанад, меҳрубон ва хеле дӯстона буд ва дар густариши равобит ва ислоҳи он чи бар асари аъмоли қаблии бархе аҳзоб осеб дида буд, бисёр рӯҳбаландкунанда буд вохури оли буд.

Вай дар идома гуфт: Мо бо забони курдӣ ҳарф мезадем ҳарду дар як шаҳр, Маҳобод таваллуд шудаем ва ҳарду номамон Масъуд аст.

Барзонӣ дар робита ба равобити Курдистони Ироқ ва Эрон дар замони раёсатҷумҳурии Пизишкиён низ таъкид кард: Омодагии раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ба минтақа фурсати хубе барои беҳбуди равобит бо курдҳо дар Эрон ва ҳатто манотиқи дигари ҷаҳон буд.