Дар Туркия чӣ мегузарад ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i119318-Дар_Туркия_чӣ_мегузарад
Порс тудей - « Экрем Имамоглу́» шаҳрдори Истанбул ба иттиҳоми фасоду кумак ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шуд ; Иқдоме, ки оппозисюни Туркия онро маҳкӯм карданд .
(last modified 2025-03-21T13:03:42+00:00 )
Март 21, 2025 18:03 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба боздошти Экрем Имамоглу́ шаҳрдори Истанбул
    Эътироз ба боздошти Экрем Имамоглу́ шаҳрдори Истанбул

Порс тудей - « Экрем Имамоглу́» шаҳрдори Истанбул ба иттиҳоми фасоду кумак ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шуд ; Иқдоме, ки оппозисюни Туркия онро маҳкӯм карданд .

Ба гузориши Порс тудей , полиси Туркия рӯзи чаҳоршанбе  Экрем Имамоглу́ шаҳрдори Истанбул ва рақиби Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳӯри ин кишвар дар интихоботро ба иттиҳоми фасоду тероризм боздошт кард, ки ин иқдом мунҷар ба роҳпаймоии эътирозӣ густарда шуд .

Боздошти  Экрем Имамоглу́ хашми мухолифонро барангехту аҳзоби мухолифи онро ба унвони кудета бо ангезаи сиёсӣ маҳкӯм карданд .

Устондори Истанбули Туркия дар пайи баргузории тазоҳуроти густарда дар эътироз ба дастгирии «  Экрем Имамоглу́» шаҳрдори Истанбул ва рақибираҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия , барпои таҷаммуъоту баргузории тазоҳурот дар ин устонро то 23 март ( сеюми фарвардини 1404 ) мамнӯъ эълом кард .

Алорағми мамнӯъияти чаҳор рӯзаи тазоҳурот ки пас аз боздоштҳо эъмол шуд , даҳҳо ҳазор нафар чаҳоршанбе шаб дар муқобили дафотири шаҳрдории Истанбул дар Сорочон таҷаммуъ карда ва шиорҳои зиддидавлатӣ сар доданд.

Özgür Özel раҳбари ҳизби « CHP » асри чаҳоршанбе дар ҷамъи даҳҳо ҳазор нафаре, ки дар муқобили дафотири шаҳрдории Истанбул ҷамъ шуда буданд , суханронӣ карду  Экрем Имамоглу́ раиси ҷумҳӯрии ояндаи Туркия тавсиф кард .

Дар ҳамин ҳол , « Mansur Yavaş» шаҳрдори Анкара ҳимояти худро аз «Экрем Имамоглу́» эълом карду тасмими худро барои номзадӣ дар интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ ба ҳолати таълиқ дар оварад .

Дар пайи боздошти шаҳрдори Истанбул аз сӯйи нерӯҳои амниятии Туркия , ҷаласоти парлумони ин кишвар рӯзи панҷшанбе шоҳиди таниши байни намояндагон буд.

Барпояи ин гузориш ва тасовири мунташир шуда , байни як намояндаи ҳизби ҳоким ва намояндагони Ҷумҳурии Халқи бархӯрд ва даргирии лафзӣ рӯй дод .

Аз сӯйи дигар ; Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳӯри Туркия , дар вокуниш ба боздошти шаҳрдори Истоабул изҳор кард ки оппозисюн ба ҷои посухгуй ба иттиҳомоти фасод , талош мекунад бо шиорҳои сиёсӣ мардумро гумроҳ кунад .

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳо гузориш доданд , ҳазорон нафар аз мардуми Туркия дар дуюмин шаби мутаволӣ бо баргузории тазоҳуроти густарда дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар алайҳи боздошти « Экрем Имамоглу́» эътироз карда ва дар бархе нуқот даргириҳоӣ миёни муътаризону полис рӯх додааст .