Коргардони фаластинии рабӯда шуда тавассути гурӯҳи ваҳшати яҳуд кист?
(last modified Wed, 26 Mar 2025 12:29:55 GMT )
Март 26, 2025 17:29 Asia/Dushanbe
  • Коргардони фаластинии рабӯда шуда тавассути гурӯҳи ваҳшати яҳуд кист ?
    Коргардони фаластинии рабӯда шуда тавассути гурӯҳи ваҳшати яҳуд кист ?

Порс тудей - Гузоришҳо ҳокӣ аз зарбу шатму рубоиши « Ҳамдон Баллол » коргардони фаластинии барандаи Oscar тавассути саҳюнистҳо аст .

« Ҳамдон Баллол » коргардони фаластинӣ ва яке аз созандагони мустанади барандаи Оскар « Сарзамини дигарӣ нест » , душанбе шаб пас аз ҳамла шаҳракнишинони саҳюнист дар рӯстои Сусё дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ нопадид шуд . Ба гузориши Порс тудей , ин ҳодиси мавҷӣ аз нигаронӣ ва эътирозоти байналмилалиро барангехтау бори дигар сиёсатҳои нажодпарастона ва саркӯбгаронаи режими саҳюнистиро ошкор кард .

«Yuval Abraham » коргардон ҳамкори « Ҳамдон Баллол » ва аз созандагони мустанади « Сарзамини дигарӣ нест » , дар вокуниш ба ин ҳодиса дар пасти дар шабакаи иҷтимоии X навишт : Гурӯҳе аз шаҳракнишинон ба тозагии Ҳамдон Баллолро гирифтанд ва ӯро кутак заданд . Вай аз ноҳияи сару шикам дучор ҷароҳат шуд ва хунрезӣ дошт . Сарбозон ба омбулонсе, ки барои имдоду кумак омада буд ҳам ҳамла карданду  Баллол бо худ бурданд .

Ассошиатед Пресс ҳам дар гузоришӣ ба нақл аз шоҳидони ҳозир дар саҳнаи зарбу шатм « Баллол » тавассути шаҳракнишинони саҳюнист навишт : Гурӯҳи 10 то 20 нафарӣ аз шаҳракнишинони  ниқобдор бо сангу чӯб ба ӯ ва чанд фаъоли яҳӯдии хостори сулҳ ҳамла карданду шишаҳои мошини онҳоро шикастанду лостикҳои онҳоро сӯрох карданд. Ба гуфтаи шоҳидон , бештари афроди ниқобдои навҷавононе бо чӯб ва корд бӯдаанд . Се фаластинӣ дар ин миён боздошт шуданд ва ба гуфта вакилашон , қабл аз бозҷӯӣ ба як маркази низомӣ мунтақил шуданд . Ассошиатед Пресс далели дастгирии ин коргардони фаластиниро филм бардорӣ аз ҳамлаи шаҳракнишинон ба фаластиниҳо дар рӯстоӣ « Сусё » баён кард .

Мустанади « Сарзамини дигарӣ нест » достони як хониводаи фаластиниро ривоят мекунад ки хонаашон тавассути саҳюнистҳо вайрон мешавад ва онҳо овора мешаванд . Ин филм дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи Берлин , Торонто , Vancouver ва  Ню-Йорк мавриди таҳсини доварону тамошогарон қарор гирифт ва тавонист тавваҷуҳи ҷаҳониро ба вазъияти вахими фаластиниён ҷалб кунад . Баллол ва ҳамкоронаш дар маросими Оскар аз ин фурсат истифода карданд то ҷаҳонро ба беадолатиҳо ва поксозии қавмии мардуми Фаластин огоҳ кунанд .

« Басел Адра » яке дигар аз созандагони мустанади « сарзамини дигарӣ нест » дар маросим Оскар гуфт : Мо аз ҷаҳон мехоҳем барои таваққуфи беадолатӣ ва поксозии қавмии алайҳи мардуми Фаластин , иқдомоти ҷиддӣ анҷом диҳад . Ҳудӯди ду моҳи пеш , ман падар шудам ва умедворам духтарам маҷбур набошад ҳамонгуна ки ман дар ҳоли ҳозир зиндагӣ мекунам , зиндагӣ кунад ва ҳамон таҷрибаҳоро аз сар бигузаранд .

Ин ҳодиса танҳо се ҳафта пас аз дарёфт ҷоизаи Оскар барои ин мустанад рӯх доду нишондиҳандаи вокуниши хашини Исроил ба ҳаргуна талош барои ифшои ҷиноёти ин режимаст . Анҷумани байналмилалии мустанад ( IDA ) ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқи башарии хостори озодии фаврии Баллол ва итилоърасонӣ дар бораи вазъият ӯ шудаанд . Дар баёнияи IDA омадааст : Хонаводаи Баллол ва ҷомеъа бояд дар бораи вазъият , макону далели боздошти ӯ иттилоъ шаванд .

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ин иқдоми саҳюнистҳоро ба шиддат маҳкӯм карда ва онро намӯнае дигар аз сиёсатҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ донистааст . Расонаҳои меҳвари муқовимати ин иқдомро ба унвони талоши режими саҳюнистӣ барои хомӯш кардани садои ҳақиқату муқовимат тафсир кардаанд .

Албата манобеи хабарӣ дишаб ва имрӯз ( чаҳоршанбе ) эълом карданд , Баллол ва ду фаластинии дастгир шудаи дигари баъд аз зуҳри сешанбе бо қарори васиқаи озод ва барои мудово ба бемористони фаластинӣ мунтақил шуданд .

Гуфтанӣ аст , пас аз интишори хабари дастгирии ин коргардони фаластинӣ , дар Томарӣ ки ба имзоӣ беш аз 3700 нафар расид , дархости озодии сариъи вай шуда буд . Дар ин нома таъкид шуд : Чунин рафтори бо як филмсози таҳсин шудаи байналмилалӣ ба шиддат озодии ҳунарӣ , ҳуқуқи башару озодии баёнро тазъиф мекунад ва мо хостори мудохилаи фаврӣ барои таъмини амнияти Баллол , озодии сариъ , дастрасӣ ба хонавода ва вакили қонӯнии ӯ ҳастем .

Roger Ross Williams ,Alex Gibney , Кристиян Вочун , Liz Garbus , Ezra Edelman ,  Dan Coogan , Кристи Ҷикобсон , Julie Goldman , Lee Hirsch , Julian Patrick Barnes , Fisher Stevens , Don Porter , Rory Kennedy , Yance Ford , Лавро Никс , Марҷон Сафиниё , Ҷулиё Бохо , Соиман Килмари , аз ҷумлаи имзокунандагон ин тумор буданд .