Вазири саҳюнист эътироф кард: Ҷанги кунунӣ бо таҷзияи Сурия поён меёбад
(last modified Wed, 30 Apr 2025 15:49:58 GMT )
Апрел 30, 2025 20:49 Asia/Dushanbe
  • Безалел Смутрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ
    Безалел Смутрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ

Порс-Тудей. Вазири дороии режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки ҷанги кунунӣ дар Ғазза замоне ба поён мерасад, ки Сурия таҷзия шуда бошад.

Масъулони режими саҳюнистӣ пас аз суқути давлати Башор Асад дигар мақосиди худро барои таҷзияи Сурия пинҳон намекунанд, балки ин масъаларо дар садри аҳдофу авлавиятҳои худ қарор додаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Безалел Смутрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ шомгоҳи рӯзи сешанбе таъкид кард, ки ин режим ба дунболи таҷзияи Сурия аст. Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Исроил пас аз «поксозии Ғазза аз ҳузури Ҳамос ва хуруҷи садҳо ҳазор фаластинӣ ба соири кишварҳо», ба ҷанг поён медиҳад.

 

Эътирофи Исроил ба шикасти тарҳи кӯчондани сокинони Ғазза

Аз сӯи дигар, расонаи саҳюнистии «Едиот Аҳронот» эътироф кард, ки тарҳи кӯчондани сокинони Ғазза, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико онро матраҳ кард, тибқи хостаи фармондеҳони артиш пеш намеравад. Ин манбаи саҳюнистӣ эълом кард, бар асоси эътирофи фармондеҳони артиш, дархостҳои матраҳшуда дар бораи ин тарҳ то кунун марбут ба кишварҳое буда, ки хоҳони хуруҷи атбои худ аз Ғазза ҳастанд.

 

Таҳлилгари саҳюнистӣ: Раҳбарии Натанёҳу лаккаи нанг аст

Ови Ясхоров, таҳлилгари сиёсии саҳюнист низ дар матлабе ки рӯзномаи «Едиот Аҳронот» онро мунташир карда, навишт: Дар поёни ҳар ҷанги шикастхӯрдае маъмулан фармондеҳи он ҷанг масъулиятро бар уҳда мегирад то ҷони сарбозонашро наҷот диҳад. Аммо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ба сарбозонаш ишора мекунад ва мегӯяд, онҳо шикаст хӯрданд, маро ҳушёр накарданд. Ин раҳбарӣ нест, балки лаккаи нанг аст.

 

Шабакаи 14 –и режими саҳюнистӣ: Дар ҳоли дасту по заданем

Шабакаи 14 –и режими саҳюнистӣ низ эътироф кард, дар ҳоле ки раҳбарони Исроил дар ҳоли дасту по задан ҳастанд ва аз тасмимгирӣ худдорӣ мекунанд, Ҳамос тасмими худро гирифтааст; «Ё як тавофуқи ҷомеъ ё ҳеҷ».

 

Эътирофи саҳюнистҳо ба тавони дифоии болои Эрон

Вебгоҳи ибрии «Волло» ҳам ба тавони болои дифоии Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобили таҳдидоти саҳюнистҳо эътироф кард. «Волло» ба нақл аз гузоришҳои хориҷӣ навишт: Эрон 2000 мушаки боллистик аз анвои мухталиф дорад, ки метавонанд ба Исроил барисанд.