Оё фаластиниҳо дар соли 1948 довталабона ватанашонро тарк карданд?
(last modified Thu, 19 Jun 2025 04:41:13 GMT )
Июн 19, 2025 09:41 Asia/Dushanbe
  • Девид Бен-Гурион, аз раҳбарони саҳюнист, ки баъдан нахуствазири Исроил шуд
    Девид Бен-Гурион, аз раҳбарони саҳюнист, ки баъдан нахуствазири Исроил шуд

Афсонае ки мегӯяд, фаластиниҳо дар соли 1948 ба сурати довталабона ватани худро тарк карданд , яке аз ривоятҳои сохтагӣ аст, ки режими Исроилу ҳомиёнаш барои тавҷеҳи шаклгирии ин давлат бар хоки Фаластин ба кор бурдаанд. Аммо воқеияти таърихӣ ба вузӯҳ нишон медиҳад, ки ин хуруҷ на довталабона, балки натиҷае буд аз хушунати барномарезишуда, поксозии қавмӣ ва мантиқи ҳазфи ҷамъияти бумӣ, ки дар зоти пружаи саҳюнизм вуҷуд дошт.

Бар хилофи иддаои расмии Исроил, фаластиниҳо қурбонии як истеъмор аз навъи хос ба номи “Истеъмори ватангузин” буданд. Ин навъи истеъмор намунаҳое чун Исроилу Африқои Ҷанубиро шомил мешавад ва бо истеъмори суннатӣ мутафовит аст. Дар истеъмори суннатӣ, истеъморгар ба дунболи манобеи табиӣ ва неруи кори арзон аст, аммо дар истеъмори ватангузин, ҳадаф тасоҳуби сарзамину ҷойгузинии ҷамъиятӣ аст.

Ҷунбиши саҳюнизм аз авохири қарни нуздаҳум оғоз шуд ва бо муҳоҷирати яҳудиёни аврупоӣ ба Фаластин шиддат гирифт. Ин муҳоҷиратҳо аз ҳамон ибтидо бо ин огоҳӣ сурат гирифт, ки Фаластин сарзамине холӣ нест. Раҳбарони саҳюнист худ эътироф доштанд, ки бо сарзамине мувоҷеҳанд, ки сокинони бумӣ дорад. Гузорише маъруф аз ҳайате ки ба Фаластин эъзом шуда буд, чунин мегуяд: « Aрӯс, зани зебое аст, вале бо марди дигаре издивоҷ кардааст». Ин ҷумла ба равшанӣ нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо медонистанд Фаластин дорои ҷамъияти араби бумӣ аст. Бо ин ҳол деологияи саҳюнизм бар ин бовар устувор буд, ки ин бумиҳо ҳаққе бар ин сарзамин надоранд ва монее ҳастанд, ки бояд аз миён бардошта шаванд.

Ватангузинони яҳудӣ дар оғоз бо навъе рафтори дустонаву истиқбол аз сӯи бархе фаластиниҳо мувоҷеҳ шуданд. Бисёре аз фаластиниҳо ба онҳо сарпаноҳ доданд, ба онҳо кумак карданд ва ҳатто омӯзиши кишоварзӣ доданд. Аммо хеле зуд равшан шуд, ки ин муҳоҷирон қасд надоранд дар канори мардуми бумӣ зиндагӣ кунанд, балки мехоҳанд ҷои онҳоро бигиранд. Ҳамин фаҳм, мабнои оғози муқовимати фаластиниҳо буд. Аз он замон ба баъд пружаи саҳюнизм дар ҷиҳати ҳазфи тадриҷии фаластиниҳо аз сарзамини худашон бо сиёсатҳое чун хариди замин аз заминдорони ғайрибумӣ, ба кор бурдани сиёсатҳои нажодпарастона дар бозори кор, ҳатто аз роҳи зӯру хушунат пеш рафт.

Раҳбарони саҳюнист монанди Девид Бен-Гурион, ки баъдан нахуствазири Исроил шуд, фаластиниҳоро таҳдиде барои пружаи миллии яҳудӣ медиданд ва дар суханонашон онҳоро ба унвони «беморе» тавсиф мекарданд, ки бояд бо неруи кори яҳудӣ ҷойгузин шавад. Онҳо бар зарурати ихроҷи фаластиниҳо ва сохтани ҷомеае сирфан яҳудӣ таъкид доштанд. Бен-Гурион  ва  ҳамфикронаш аз солҳо пеш аз 1948 дар номаҳову суханрониҳои худ ба лузуми ихроҷи аъроб ишора карда буданд.

Бо ин вуҷуд, раҳбарони сиёсии фаластинӣ, ба вижа дар даҳаҳои 1920 ва 1930 ҳамчунон талош карданд бо Британия вориди музокира шаванд то аз муҳоҷирати густардаи яҳудиён ҷилавгирӣ кардаву сохтори кишварии ояндаро ба гунае танзим кунанд, ки сулҳомез ва муштарак бошад. Онҳо ҳатто ҳозир шуданд яҳудиёни муҳоҷири қаблиро бипазиранд, аммо бо идомаи муҳоҷирати ҷадид мухолифат карданд. Вале ҷунбиши саҳюнизм ҳар гуна роҳи ҳалли муштаракро рад кард, зеро ҳадафи он ташкили як кишвари комилан яҳудӣ буд. Ин амр мунҷар ба шӯришҳои густарда дар солҳои 1929 ва 1936 шуд, ки реша дар ноумедии мардуми Фаластин аз рафтори Британия  ва  хашм нисбат ба раванди ишғолу салби моликият аз онҳо дошт.

Замоне ки дар соли 1947 Британия тасмим гирифт масъалаи Фаластинро ба Созмони Милал вогузор кунад, фаластиниҳо ба ҳамроҳи кишварҳои арабӣ пешниҳоди ташкили як кишвари воҳидро ироа доданд; кишваре ки дар он яҳудиёни муҳоҷир зиндагӣ кунанд, аммо иҷозаи муҳоҷирату шаҳраксозии бештар дода нашавад. Созмони Милал  аммо бо фишори Амрико ва кишварҳои ғарбӣ тарҳи тақсимро тасвиб кард, ки бар асоси он беш аз ниме аз сарзамини Фаластин ба яҳудиён вогузор шуд. Дар ҳоле ки онон танҳо як сеюми ҷамъиятро ташкил медоданд. Ин тасмим оғозгари ҷанг шуд ва дар ҷараёни он беш аз 750 ҳазор фаластинӣ аз хонаҳои худ ихроҷ ё маҷбур ба фирор шуданд. Бисёре аз онҳо ҳаргиз иҷозаи бозгашт наёфтанд ва даҳҳо рустову шаҳри фаластинӣ ба таври комил тахриб шуд.

Афсонаҳое ки Исроилу ҳомиёнаш сохтаанд, монанди «сарзамини холӣ» ё «хуруҷи довталабона», абзорҳое буданд барои машруиятбахшӣ ба ин пружа. Ин афсонаҳо дар расонаҳои ғарбӣ ва дар адабиёти сиёсии Амрикову Аврупо ба шакли воқеият пазируфта шуданд. Аммо пажӯҳишгарони мустақиле чун Ilan Pappé,   Benny Morris  ва  дигар муаррихони навини исроилӣ бо истифода аз асноди архивӣ нишон додаанд, ки пружаи саҳюнистӣ аз оғоз мубтанӣ бар мантиқи ҳазф, поксозӣ ва истеъмор будааст.

Бинобар ин, наметавон шаклгирии Исроилро ҷудо аз таърихчаи истеъмори ватангузин донист. Ин давлат на танҳо бар мабнои афсонаҳое монанди ваъдаҳои динӣ ё ривоятҳои таърихии дур аз воқеият таъсис шуд, балки бо радди ҳаққи бумиёни Фаластин ва беэътиноӣ ба муқовимати машруи онҳо то имрӯз низ ба сиёсати ҳазфу ишғол идома медиҳад. Фаластиниҳо бар хилофи он чи  афсонаҳои саҳюнистӣ мегӯянд, на аз рӯи майл, балки дар натиҷаи зӯр, хушунат ва табъид аз сарзамини худ берун ронда шуданд. Ҷунбиши миллии Фаластин бархоста аз як хости табиӣ барои ҳифзи сарзамин, ҳувияту каромати мардумӣ буд, ки аз ҳамон ибтидо истеъмори саҳюнистиро ба дурустӣ ташхис доданду алайҳи он истоданд .