Чанд фаластинӣ токунӯн барои як луқмаи нон дар Ғазза шаҳид шудаанд ?
-
Чанд фаластинӣ токунӯн барои як луқмаи нон дар Ғазза шаҳид шудаанд ?
Порс тудей - Вазорати беҳдошти Фаластин гузоришӣ аз теъдоди шуҳадои Ғазза ки дар марокизи тавзеъи кӯмакҳои башардӯстона ба шаҳодат расиданд , мунташир кард .
Вазорати беҳдошти Фаластин ба тозагӣ дар гузорише эълом кард, ки аз ҳафтуми октябри 2023 то якум августи 2025 дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза 60 ҳазору 332 фаластинӣ шаҳид ва 147 ҳазору 643 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд . Ба гузориши Порс тудей , бар асоси ин гузориш , дар 24 соъати гузашта , 91 нафар дар марокиз дарёфти кӯмакҳои инсонӣ ки ба дасти Амрико ва режими Исроил дар Ғазза идора мешавад , ба шаҳодат расидаанд ва беш аз 666 нафар низ дар ҳамин замина маҷрӯҳ шудаанд .
Бо эҳтисоби ин маворид , шумори шуҳадои мавсӯм ба « шуҳадои луқмаи нон » ба 1,330 нафару теъдоди маҷрӯҳон ба 8,818 нафар расидааст .
Гуфтанӣ аст , ниҳодҳои Созмони милали марокизи тавзеъи кӯмакҳо дар Ғаззаро « талаҳои марг » тавсиф кардаанд , ин марокизи таҳти унвонм « бунёди хайрияи Ғазза » бо ин иддао ки Ҳамос кумакҳои башардӯстонаро ба сирқат мебарад дар феврали 2025 таъсис шуд то кори тавзеъи кӯмакҳоро аз Созмон Милал бигирад . Иддаое ки аз сӯйи Созмони Милали борҳо рад шудааст .
Дар ин росто ду ширкати амниятии хусӯсии Амрико ба номҳои Safe Reach Solutions ва UG Solutions кори тавзеъи кӯмакҳоро дар чаҳор марказ ба даст гирифтанд , низомиёни исроилӣ низ дар атрофи ин марокиз мустақар ҳастанд .
Ҳамоҳангкунандаи изтирории пизишкони бидӯни марз дар Ғазза , ба хуби шароити ин марокизро дар суханоне ба тасвир кашидааст .
Ӯ мегӯяд : « чаҳор маркази тавзеъ дар манотиқи воқеъ шудаанд ки Исроилиҳо пас аз овора кардани сокинон , комилан онро дар кантрол доранд . Ин марокиз ба андозаи як замин футбол ҳастанд , дар миёни теппаҳои хокӣ , сими хордору бурҷҳои дидабонӣ маҳсӯр шудаанд . Дар вурӯдӣ фақат як нуқта дораду замонӣ ки коргарони GHF ҷаъбаҳои ғизоро дохил муҳаввата мегузоранд ва дарро боз мекунанд , ҳазорон нафар ба таври ҳамзамон ворид мешаванд ва барои охирин донаи биринҷ бо якдигар даргир мешаванд . »
Вай меафзоед : « агар касе зӯдтар бирасад ва ба исти бозрасӣ наздик шавад , ба ӯ шиллек мешавад . Агар ба мавқе бирасад аммо издиҳом бошад ва аз рӯй хокрезҳо ё сим хордорҳо биппарад , боз ҳам ҳадафи гулӯла қарор мегирад . Агар дер бирасад , чун минтақа ба унвон “ минтақаи тахлия шуда “ маҳсӯб мешавад , боз ҳам ба ӯ шиллик мешавад . »