Январ 19, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ: Пирӯзии комил дар Мусил наздик аст

Нахуствазири Ироқ эълом кард, пирӯзии комил дар Мусил наздик шуда ва ба зудди саросари ин шаҳр аз вуҷуди аносури ДИИШ поксозӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал -Олам, Ҳайдар Ибодӣ рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, неруҳои ироқӣ дар озодсозии шарқи Мусил дар устони Найнаво бисёре аз аносури гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба ҳалокат расонданд.

Дар ин баёния омадааст: “талош барои озодсози бақияи манотиқ бо қудрат идома дорад ва неруҳои ғайюр зимни бархӯрди инсонӣ бо ғайринизомён, пирӯзиҳои дурахшоне ба даст оварда, манотиқи мухталиферо озод сохта ва шумори зиёде аз террористҳои ДИИШ-ро ба ҳалокат расондаанд”.

Ин шабака ҳамчунин аз шодии мардуми Мусил аз озодсозии масҷиди бузурги ин шаҳр гузориш дод.

Террористҳои ДИИШ бахше аз ин масҷидро зиндон ва шиканҷагоҳи он идда аз аҳолии Мусил карда буд, ки бо дастуроти “волӣ” мухолифат мекарданд.

Бахшҳои дигаре аз масҷиди бузурги Мусил низ ба маҳалли анбор ва тақсим кардани дороиҳои дуздида шуда аз мардум ва ҷое барои омӯзиши тактирандозони узви ДИИШ табдил шуда буд.

 

Барчасп