Тасмими низомии Урдун дар баробари орзуи «Исроили бузург»-и Натаняҳу
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121592-Тасмими_низомии_Урдун_дар_баробари_орзуи_Исроили_бузург_и_Натаняҳу
Порс Тудей - Изҳороти таҷовузкорона ва султаҷуёнаи ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи орзуи «Исроили бузург» шадидан маҳофили мардумӣ ва расмии Урдунро ба ҳаракат даровардааст, то ҷое, ки валиаҳди ин кишвар аз бозгашти хидмати иҷбории зери парчам дар Урдун хабар додааст. 
(last modified 2025-08-18T12:58:44+00:00 )
Август 18, 2025 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тасмими низомии Урдун дар баробари орзуи «Исроили бузург»-и Натаняҳу

Порс Тудей - Изҳороти таҷовузкорона ва султаҷуёнаи ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи орзуи «Исроили бузург» шадидан маҳофили мардумӣ ва расмии Урдунро ба ҳаракат даровардааст, то ҷое, ки валиаҳди ин кишвар аз бозгашти хидмати иҷбории зери парчам дар Урдун хабар додааст. 

Нашрияи Раъял-явм рӯзи душанбе дар матлабе бо ишора ба идомаи таҳаввулот дар Урдун пас аз матраҳ шудани орзуи маъруф ба "Исроили бузург" аз сӯи Бинёмин Нвтаняҳу навишт: оё нахуствазири режими саҳюнистӣ сабаби бозгашти хидмати иҷборӣ зери парчам дар Урдун шудааст?. Ин нашрияи арабзабон афзуд: ҷумлае, ки шоҳзода Ҳусейн ибни Абдуллоҳ, валиаҳди Урдун ба забон овард ин буд: «То ҷавонон битавонанд аз кишвар дифоъ кунанд»; ин аввалин бор пас аз 30 сол аст, ки хидмати низомии иҷборӣ дар Урдун бозмегардад, тасмимест, ки ҳамаи маҳофили дохилӣ ва хориҷии Урдунро шадидан дар тааҷҷуб фурӯ бурдааст. Шоҳзода Ҳусейн ибни Абдуллоҳ дар шаҳри «Ирбид» дар шимоли Урдун бо эъломи ин мавзуъ, онро дар чорчӯби дифоъ аз Урдун донист, ки нишонаи хатарҳои дар камин ва занги хатарест, ки ба шакли ногаҳонӣ ба садо даромадааст ва аз нигоҳи нозирони умур, бо изҳороти ахири нахуствазири режими ишғолгар мабнӣ бар тарҳи "Исроили бузург" иртибот дорад.

Раъял-явм навишт: лағви хидмат зери парчам тасмиме буд, ки бар асоси замони сулҳ пас аз муоҳидаи «Водии Араба» гирифта шуд ва тасмим ба бозгардондани он, ҳомили паёмҳои бисёр хос барои исроилиҳо ва муттаҳидони ғарбии он аст.